ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

БОЗ 110 ТОҶИКРО АЗ ЛАҲИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ОВАРДАНД

Хабаргузории давлатии “Ховар” хабар дод, ки  субҳи 26 март боз 110 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар пайи бад шудани вазъи Украина ба Лаҳистон (Полша) паноҳ бурда буданд, ба Ватан баргардондаанд.  “Ховар” гуфт, баргардонидани ин шаҳрвандон бо дастури ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст.

 Дар умум, то имрӯз алакай 413 шаҳрванди тоҷики аз Украина фироркардаро аз Лаҳистон ба Тоҷикистон овардаанд.  Қаблан гузориш шуда буд, ки рӯзи 12 март тавассути ду ҳавопаймои ширкати лаҳистонии «Enter Air» 303 шаҳрванди тоҷикро аз Варшава ба Душанбе оварда буданд.

Сафорати Тоҷикистон дар Олмон, ки масъулияти интиқоли шаҳрвандони тоҷик аз Лаҳистон ба Ватанро бар уҳда дорад, гуфта буд, дар фурудгоҳи Варшава он шаҳрвандони тоҷикро, ки бо худ ҳуҷҷат надоштанд, бо шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан таъмин кардааст.

Русияро рӯзи 24 феврал ба Украина  ҳамла кард. Дар Украина, ба ҳисоби сафорати Тоҷикистон дар Киев, тақрибан 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекарданд.

Дар пайи бад шудани вазъ, бинои ба иттилои сафорат, 2033 шаҳрванди Тоҷикистон ба Лаҳистон, 210 нафар ба Молдова ва 43 нафари дигар ба Словакия паноҳ бурдаанд.

Кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва минтақаи Шенген ба шаҳрвандони хориҷие, ки аз Украина хориҷ мешаванд, то 2 ҳафта ҳаққи вуруд ба қаламравашонро бидуни виза иҷозат додаанд. Вале ба фарқ аз украиниҳо, ба дигар хориҷиёне, ки тарки Украина мекунанд, дар Аврупо паноҳандагӣ  намедиҳанд. Ба ҳисоби Созмони Милал, баъди оғози ҷанги Русияву Украина, алакай 3,5 миллион нафар Украинаро тарк кардаанд. Аксари онҳоро занону кӯдакон ва пиронсолон ташкил медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button