ВидеоҶанг дар Украина

АЛАКАЙ ЧАНД ҲАЗОР КУШТА: ҶАНГИ РУСИЯ БО УКРАИНА ВОРИДИ МОҲИ ИНАК ДУЮМ ШУД

Мақомҳои низомии Русияву Украина аз як моҳи аввали ҷанги байни ин ду кишвар, ки дар Маскав “амалиёти махсуси ҳарбӣ” номаш мебаранд, натиҷагирӣ карданд.

Ситоди кулли артиши Украина, ки ахиран ҳалокати 1300 нафар аз нирӯҳои Украинаро тасдиқ карда буд, рӯзи 26 март хабар дод, ки талафоти умумии ҷониби Русия ба 16 ҳазору 400 нафар расидааст.  Аммо дақиқ карда нашудааст, ки чанд нафара аз ҷониби Русия куштаву чанд нафар захмӣ  ва чанди дигар асир шудаанд?

Ва аммо як намояндаи НАТО дар ин ҳафта дар як нишасти хабарии пӯшида ба журналистон гуфт, талафоти нирӯҳои Русия дар Украина аз 30 то 40 ҳазор нафарро метавонад ташкил кунад. Ба ҳисоби ӯ, шумораи кушташудагон аз ҷониби Русия метавонад аз то 15 ҳазор нафар бошад.

Ва аммо рӯзи 25 март Ситоди кулли артиши Русия бори аввал баъди 2 март рақамҳои наверо дар бораи талафоти ҷонии нирӯҳои ин кишвар дар Украина нашр кард. Бино ба ин арқом, аз аввали “амалиёти махсуси ҳарбӣ” дар Украина 1351 низомии Русия кушта ва 3825 нафар захмӣ шудаанд.

Ситоди кулли артиши Русия дар айни замон талафоти ҷониби Украинаро ҳудуди 30 ҳазор нафар рақам зада, гуфт, аз ин шумор беш аз 14 ҳазорро “талафоти бебозгашт” ва наздики 16 ҳазорро “талафоти санитарӣ”, яъне захмиён ташкил медиҳанд. Украина ҳалокати танҳо 1300 нафар аз ҳарбиёнашро тасдиқ мекунад, вале мегӯяд, дар натиҷаи ҳамлаҳои артиши Русия беш аз 1000 нафар аз сокинони мулкӣ, аз ҷумла 133 кӯдак кушта шуда, 187 кӯдак захмӣ шудаанд. Шумораи гурезаҳо аз Украина бошад, ба ҳисоби Созмони Милал, аз 3,5 миллион нафар гузашт.

Ба ҳисоби вазорати мудофиаи Русия, ҷониби Украина дар як моҳи аввал 1587 тонку мошини зиреҳпӯш аз 2416 чунин техникаи низомии доштаашро аз даст дод. Ҳамчунин ах 152 ҳавопвймои ҳарбии Украина танҳо 112 ҳавопаймо ва аз 149 чархболаш ҳамагӣ 75 чархбол боқӣ монда, нирӯҳои Русия гӯё аз 36 ҳавопаймои бесарнишини тамғаи “Байрақдор” алакай 35 чунин ҳавопвйморо аз байн бурдаанд. Ҳамин тавр, ба иддаои Маскав, аз 59 ҳазор нафар нирӯҳои Украина дар Донбасс аз оғози амалиёт 16 ҳазораш, ё 26% хунсо карда шудаанд.

Ситоди кулли артиши Украина бошад хабар медиҳад, ки то субҳи 26 март нирӯҳои Украина 575 тонк, 1640 мошини зиреҳпӯш, 293 тӯпхона, 117 ҳавопаймо, 127 чархбол, 7 киштию қаиқ, 73 вагони маводи сӯхт ва 56 ҳавопаймои бесарнишини артиши Русияро аз байн бурдаанд.

Намояндаи НАТО дар нишасти пӯшидааш Русияро ба он айбдор кард, ки то ҳол бо шеваҳои даҳшатбори даврони ҷанги дуюми ҷаҳон ҷанг мекунад ва агар дар ҷануби Украина ва он ҳам дар баҳои оқибатҳои фоҷиабори бомбборони шаҳрҳо ба пешрафтҳое ноил шуда бошад, вале дар се самти асосии ҳамлааш – Киев, Харков ва Чернигов ба бунбаст афтодааст. “Онҳо дар Киев дучори бунбаст шуданд. Онҳо дар Харков дучори бунбаст шуданд. Онҳо дар Чернигов ҳам дар бунбаст афтодаанд. Пешрафтҳои онҳо бештар дар ҷануби аст, вале бо як нархи даҳшатбор. Онҳо бо шеваҳои 70 сол пеши давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон амал мекунанд”, — гуфтааст ин намояндаи НАТО бидуни бурдани ном.

Аксари кишварҳои дунё ҳамлаи Русия ба Украинаро маҳкум мекунанд ва ба зидди Рустия таҳримоти сангине ҷорӣ карданд. Дар кишварҳои Ғарб молу мулки олигархҳо ва мансабдорони Русия, аз ҷумла қасрҳо ва яхтаҳои онҳоро ба маблағи чандин миллиард доллар ба ҳабс гирифта, ҳисобҳои бонкии онҳоро ба маблағи даҳҳо миллиард доллар бастаанд. Ҳамин тавр, дар фурудгоҳҳои хориҷӣ 78 ҳавопаймои ширкатҳои ҳавопаймоии Русияро ба ҳабс гирифтаанд.

Вале бо вуҷуди исрори ҷомиаи ҷаҳонӣ, Русия якравона ба қатъи ҷанг ва берун кашидани нирӯҳояш аз Украина то ҳол майле нишон намедиҳад. Владимир Мединский, раҳбари ҳайъати Русия дар музокирот бо Украина гуфт, қарордоди сулҳ бо Киев дар сурате имзо хоҳад шуд, ки агар Украина халъи силоҳ карда шуда, ҳеҷ гоҳ азми пайвастан ба НАТО накунад ва аз даст додани Қрим ва Донбассро бипазирад.

Украина ин шартҳоро ғайриқобилиқабул меномад ва оташбаси бидуни қайду шарт ва хуруҷи низ бидуни қайду шарти артиши Русияро аз қаламраваш талаб дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button