ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҶАРИМАИ РОНАНДАИ “МЕРСЕДЕС” БАРОИ КОКС ДОДАН АЗ ҶОИ ИСТ (ВИДЕО)

Маркази матбуоти раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки санаи 24-уми марти соли 2022 яке аз корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли навори қоидавайронкунии ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», аз кормандони милитсияи пойтахти Тоҷикистон хостаст, то нисбат ба ронандаи ин мошин чораҳои дахлдори қонунӣ андешанд. Кормандони милитсия ба таври фаврӣ шахсияти ронанда ва макони содир кардани ин қоидавайронкуниро муайян кардаанд.

“Ошкор гардид, ки ҳодисаи мазкур санаи 23-юми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон содир шуда, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», рақамҳои қайди давлатиаш 12 00 CD 01, шаҳрванд Меликов Меҳроҷиддин Сироҷиддинович, санаи таваллудаш 31.07.1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Федин мебошад, ки аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дар ҳудуди шаҳри Душанбе боздошт гардид. Чуноне дар навор дида мешавад, номбурда қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намуда, автомашинаи худро яку якбора аз ҷойи ист ба ҳаракат даровардааст, ки бо ин амали худ ҳолати хатарноку садамавиро ба вуҷуд овардааст”, -гуфта мешавад дар иттилоия.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Меликов Меҳроҷиддин тибқи талаботи моддаи 325, қисми 3 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ӯро барои дағалона вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат ҷарима бастаанд ва ҳамзамон қатъиян огоҳаш кардаанд, ки дар оянда чунин корро такрор накунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button