ВидеоМуҳоҷирон

ҲУКМИ ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК, КИ БО ЯК НОМИ ДИГАР 4 БОР БА РУСИЯ САФАР КАРД

Додгоҳи ноҳияи Погари вилояти Брянски Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро бар асоси қисми дуюми моддаи 322 Кодекси ҷиноятии ин кишвар дар 4 мавриди убури ғайриқонунии марзи Русия гунаҳкор шинохт ва ба як соли маҳбаси сукунатӣ (колония-поселение) маҳкум кард. Маркази матбуоти додситонии вилояти Брянск рӯзи 25 март хабар дод, ки ин муҳоҷири тоҷик дар додгоҳ убури ғайриқонунии марзи Русияро пурра ба гардан гирифт. Ӯро моҳи октябри соли 2021 мақомоти марзбонии ФСБ вилояти Волгоград дастгир карда буданд.

Додситонии Брянск дар шарҳи ин парванда гуфт: “Тавре додгоҳ муайян кард, ин нафар аз соли 2016 то 2021 ҳарчанд медонист, ки ӯро аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум кардаанд, ному насаби худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда, соҳиби шиносномаи нав шуд ва бо он чанд дафъа аз гузаргоҳҳои гуногуни марзӣ вориди қаламрави Русия шуд”.

Дар солҳои охир мақомоти Русия даҳҳо ҳазор муҳоҷир, аз ҷумла зодагони Тоҷикистонро барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират ва ҳамчунин бо баҳонаҳои аксаран хурду резае, чун бо суръати баланд рондани мошин, ё сари вақт пардохт накардани пули барқ ё телефон, ба рӯйхатҳои сиёҳ ворид карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекарданд.

Муҳоҷирати корӣ дар Русия барои кишварҳои муҳоҷирфиристе, чун Тоҷикистон, як манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари оилаҳо ба шумор меравад ва дар Тоҷикистон ба рӯйхатти сиёҳи Русия афтодану аз ҳаққи сафар ба муҳоҷират маҳрум шудани ҳар нафар ин ба маънои аз як манбаи асосии  таъмини зиндагиаш маҳрум шудани дастикам як хонавода арзёбӣ мешавад.

Мақомоти Русия муҳоҷирон ба муҳлати 3,5, 10 сол ва баъзан ба муддати аз ин ҳам зиёдтар аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар маҳрум мекарданд. Як вақтҳо шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба чунин рӯйхатҳои сиёҳ афтода, ҳаққи даромадан ба қаламрави Русияро аз даст дода буданд, ҳатто аз 300 ҳазор нафар гузашта буд.

Табиист, ки бархеи онҳо наметавонистанд чанд сол тоқат кунанд, то замони “запрет” – ашон ба поён бирасад. Ва шуморе аз ин муҳоҷирони мамнӯъулвуруд ному насаби худро иваз карда, шиносномаи нав мегирифтанд ва боз худро ба Русия мезаданд. Вале қонунҳои Русия ин корро ҳамчун убури ғайриқонунии марз таъбир мекунанд ва барои он ҷазо, ҳатто ҳукми зиндонро пешбинӣ кардаанд. Дар солҳои охир дар бораи бо чунин ҷурм маҳкум ё дар беҳтарин ҳолат ҷаримаву ихроҷ шудани даҳҳо муҳоҷири тоҷик хабарҳо ба даст расидаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button