ВидеоМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

СОКИНОНИ ТОҶИКИСТОН СИЛОҲИ ЯК МАРЗБОНИ ҚИРҒИЗРО КАШИДА ГИРИФТААНД

Нирӯҳои марзбонии Қирғизистон хабар дод, ки рӯзи 24 март дар деҳаи Борбордуқи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд  дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон боз як тирпарронӣ рӯй додааст. Дар ҷараёни ин ҳодиса ба гуруҳи сокинони Тоҷикистон муяссар шудааст, ки як автомати Калашников ва  радиостантсияи марзбони қирғизро аз дасташ кашида бигиранд. Деҳаи Борбордуқ бо деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарз аст.

Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон ин хабарро низ то ҳол шарҳ надодаанд, вале маркази матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт,  марзбонони қирғиз дар як анбор мошини пур аз пластики тамғаи “Hyundai-Porter” –ро пайдо карда, тасмим гирифтаанд, ки барои бозрасӣ онро ба заставаи сарҳадӣ баранд.

“Дар роҳ ронанда дар наздикии ҷое, ки 15-20 шаҳрванди Тоҷикистон ҷамъ шуда буд, мошинашро манъ карда, ҳамон ҷо партофт ва худаш гурехт. Дар ин ҳангоми шаҳрвандони Тоҷикистон талош кардаанд, ки марзбонони Қирғизистонро дастгир кунанд. Сардори застави “Жани жер” маҷбур шуд, ба хотири пешгирӣ аз боздошти сарбозон ва ғасби силоҳ чанд тири огоҳкунанда холӣ кунад. Шаҳрвандони Тоҷикистон натавонистанд марзбонони Қирғизистонро дастгир кунанл, вале ба онҳо муяссар шуд, ки як адад автомати Калашниковро бе тир ва як радиостансияро кашида бигиранд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Дар пайи ин ҳодиса намояндагони қӯшунҳои марзбонии Қирғизистон дар вилояти Бодканд бо намояндагони қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тавассути телефон вориди музокирот шудаанд. Марзбонони қирғиз мегӯянд, дар ҷараёни музокира қарор шудааст, ки ба зудӣ мулоқоти ҷонибҳо сурат бигирад ва дар ҷараёни он ҷониби Тоҷикистон автомат ва радиостансияро баргардонад. Ҷониб Қирғизистон мегӯяд, вазъ дар марз бо Тоҷикистон ором аст.

Нирӯҳои марзбонии Қирғизистон қаблан хабар доданд, ки марзбонони тоҷик рӯзи 19 марти соли 2022 як марзбони қирғизро, ки дар мавзеи Садаи ноҳияи Лайлак ҳангоми таъқиби як мошини марзшикан ба минтақае, ки марзбонҳои тоҷик аз воҳиди марзбонии Ғончӣ навбатдорӣ мекарданд, гузашта буд, латтукӯб кардаанд. Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон ин хабарро низ то ҳол шарҳ надодааст, вале маркази матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, марзбонҳои тоҷик  дар ҷараёни занозанӣ сари марзбони қирғизро зада кафондаанд.

 Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун танҳо каме бештар аз 500 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Хунинтарин муноқиша дар ин қисмати марз дар поёни моҳи апрели соли 2021 рӯй дод, ки дар натиҷаи он аз ду тараф 55 нафар кушта ва 240 нафар захмӣ шуданд. Ин хунинтарин муноқиша дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии ҷумҳуриҳои муосири Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Дар поёни моҳи январи соли 2022 дар як муноқишаи дигари мусаллаҳона дар марзи Исфара бо Бодканд ду сокини Тоҷикистон кушта ва аз ҳарду тараф беш аз 20 тани дигар захмӣ шуданд.

Ҳамин тавр, шаби 11 март дар як тирпарронии дигар дар марзи Чоркӯҳ бо Бодканд марзбони тоҷик Суннатулло Самадов кушта шуда, ду марзбони дигар ва чанд сокини Чоркӯҳ захмӣ шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button