ВидеоМуҳоҷирон

ЗАНОЗАНИИ МУҲОҶИРОН ДАР НОВАЯ МОСКВА: 43 КАС ДАСТГИР ШУД, ҶАВОНИ ТОҶИК КОРД ХӮРД (ВИДЕО)

Дар ҷараёни занозании гуруҳии муҳоҷирон, ки шаби 22 март дар деҳаи Сосенское дар минтақаи Новая Москва рух дод, 43 нафар боздошт гардида, як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистонро бо захми корд аз қафаси сина ва пои росташ дар бемористон бистарӣ кардаанд.

Додситонии Маскав гуфт, дар пайи ин занозанӣ ва корд хӯрдани муҳоҷири тоҷик бо иттиҳоми сӯиқасди куштор парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба гуфтаи додситонӣ, оне, ки ин занозаниро сар кард, дастгир шудааст, вале ҷустуҷӯи нафаре, ки ҷавони тоҷикро ду корд зад, ҳанӯз идома дорад. 

Гуфта мешавад, ки дастикам 20 муҳоҷир дар заминаи маишӣ аз гиребони якдигар гирифта, дар ҷараёни занозанӣ аз чӯбу калтак ва ҳатто аз корд истифода бурдаанд. Сабаби занозанӣ рӯшан нест. Ин ҳам маълум нест, ки кӣ бо кӣ дастбагиребон шудааст. Парвиз ТВ хабар дод, ки дар Новая Москва муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон занозанӣ кардаанд.

 “Дар натиҷаи занозании гуруҳӣ дар гулгашти Скандинавский шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1997, захмӣ шудааст. Ӯро бо захми корд аз ноҳияи қафаси синааш дар бемористони клиникии шаҳрӣ ба номи С. С. Юдин бистарӣ кардаанд”, — хабар дод хабаргузории ТАСС бо такя ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Маскав. Гуфта мешавад, ин ҷавони тоҷик ҳамчунин аз пои чапаш низ корд хӯрдааст ва аз рагҳои байни қабурғаҳояш низ хун мерафт.

Қаблан хабар расида буд, ки дар пайи занозанӣ дар Новая Москва 43 нафарро дастгир кардаанд.

Шаби сешанбе, 22 март,  тақрибан соати 21.20, ба пулис дар бораи муноқишаи байни шаҳрвандон дар гулгашти Скандинавский дар деҳаи Сосенское хабар расид. Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса расида, як шаҳрвандро бо захми корд пайдо карданд “, – гуфта мешуд дар иттилоияи пулиси Маскав.

Ба гуфтаи шоҳидон ва ҳамчунин тавре аз видеои лаҳзаи ин занозанӣ, ки дар Интернет нашр шуд, дида мешавад, дар Сосенское на камтар аз 20 нафар дастбагиребон шудаанд. Омадани кормандони пулис ва “Ёрии таъҷилӣ”ро дида, бисёрии иштирокчиёни занозанӣ аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд ва бархе кӯшиш кардаанд, ки дар даромадгоҳҳои биноҳои атроф пинҳон шаванд.

По факту массовой драки в Новой Москве прокуратура возбудила уголовное дело. Об этом сообщается на Дар сомонаи додсистонии Маскав  гуфта мешавад, ки дар робита ба ин ҳодиса бар асоси қисми сеюми моддаи 30 ва моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми сӯиқасд ба куштор парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд, чунки ба зидди яке аз иштирокчиён аз силоҳи сард истифода бурда, ӯро чанд зарбаи корд задаанд. Ҷазои ҳадди аксар бар асоси ин банди қонун дар Русия то 15 соли зиндон аст.

Муҳоҷирони дастгиршударо ҳамчунин метавонанд аз Русия ихроҷ кунанд. Қарори маълум, моҳи августи соли 2021 дар пайи як силсила занозаниҳои байни муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия, ВКД ин кишвар ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бераҳмона ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекунанд.

Моҳи декабри соли 2021 ВКД Русия хабар дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷирро маҳз барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ ихроҷ кардаанд. Аксари онҳоро ба муҳлати то 40 сол аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button