ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБӢ БО ЧОЙИ ХУШК ВА ДУЗДИИ “АЙФОН” АЗ ДОХИЛИ МОШИН

Сокини 59-солаи Душанбе, ки пеш барои таҷовуз ба номус суд шудааст, ба он гумонбар мешавад, ки ҳанӯз моҳи январи соли 2017 бо роҳи фиреб ба боварии сокини 53-солаи пойтахт даромада, аз ӯ  ба маблағи 5 ҳазор доллар чойи хушк гирифтааст, вале то ҳол пулашро надодааст.

хххххххххххххххххх

Сокини 20-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 12 март аз дохили як мошини “Тойота Кемри”-и сокини 23-солаи Ҳисор, ки дар хиёбони Рӯдакии пойтахт беназорат меистод, як телефони мобили тамғаи “Айфон-13”-ро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 24 марти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор шудани қаллобӣ ба маблағи 5 ҳазор доллари амрикоӣ

008

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 53-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи январи соли 2017, марди 59-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 138 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ маҳсулоти «чойи хушк» ба маблағи 5 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ифшо шудани дуздии телефони мобилии “Айфон-13”

018

Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза ҷавони 23-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 12-уми марти соли 2022, шахси номаълум аз дохили автомашинаи тамғаи “Тойота-Кемри”, ки дар хиёбони Рӯдакии пойтахт беназорат меистод, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-13”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зарари расонидашуда 16 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button