АфғонистонВидеоТоҷикистон

ИЗҲОРИ ТААССУФИ ТОҶИКИСТОН АЗ ГАРДАНШАХИИ ТОЛИБОН ДАР МАСЪАЛАИ ТАШКИЛИ ҲУКУМАТИ ҲАМАШУМУЛ

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз он иҳори таассуф кард, ки то ҳол ҳарти асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷунбиши Толибон – ташкили ҳукумати ҳамашумул  бо қалби намояндагони ҳамаи қавмҳову гуруҳҳои Афғонистон – иҷро нашудааст.

Дар иттилоияи расмӣ дар сомонаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки Сироҷиддин Муҳриддин, раҳбари ҳайъати Тоҷикистон рӯзи 22 марти соли 2022 дар шаҳри Исломобод дар нишасти 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ ба зарурати фаъол сохтани нақши ин созмон ва тақвияти муколама миёни кишварҳои узви он дар ҳалли қазияҳои мубрами кишварҳои мусулмонӣ ва  таъкид инчунин аҳаммияти тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва таҳдиду чолишҳои замони муосирро таъкид кардааст.

“Дар робита ба масоили марбут ба Афғонистон ва бо ишора ба таъсири манфии он ба минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид гардид, ки мутаассифона то ҳол шарти асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба маъмурияти ҳозираи Афғонистон – ташкил намудани ҳукумати ҳамашумул бо иштироки ҳамаи қавмҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ дар ин кишвар то ҳол иҷро нагардидааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи вазорати хориҷаи Тоҷикистон.

Дар фарҷоми суханрониаш С. Муҳриддин аз намояндагони воломақоми кишварҳои узви СҲИ ҷиҳати иштироки фаъол дар Конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе доир мегардад, даъват ба амал овардааст.

 Ҷангҷӯёни ҳаракати тундрави Толибон моҳи августи соли 2021 бо истифода аз хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалии таҳти роҳбарии Амрико ва НАТо дар байни ҳамагӣ чанд рӯз қариб тамоми қаламрави Афғонистонро тасарруф карда, дар пайи ишғоли пойтахт, шаҳри Кобул аз истиқрори дубораи режими худ бо номи “Иморати исломии Афғонистон” хабар доданд.

Тоҷикистон аз байни кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ягона кишварест, ки аз оғоз режими нави Толибонро дар Афғонистон эътироф накард ва гуфт, Душанбе танҳо он вақт ҳукумати нави Афғонистонро ба расмият мешиносад, ки агар ҳамаи гуруҳҳои сиёсиву қавмии Афғонистон, бахусус тоҷикҳо, ки ба гуфтаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 45 фоизи аҳолии он кишварро ташкил медиҳанд, дар ҳукумати он кишвар ҷойгоҳи шоиста ба даст наоранд.

Аммо Толибон талабҳои ҷомиаи ҷаҳонӣ барои ташкили ҳукумати фарогирро сарфи назар карда, ҳукумате ташкил дод, ки дар он аксари мансабҳои калидӣ ба намояндагони қавми пашту  дода шудааст.  Толибон бо додани чанд мансаби дараҷаи ду ба як тоҷику як туркман ва ду ӯзбек иддао карданд, ки ин ҳукумати сохтаи онҳо “ҳамашумул” аст. Вале бо гузашти беш аз ним сол ягон кишвари дунё режими нави Толибонро ба расмият нашинохтааст.

Тоҷикистон аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд, ки режими нави Толибонро напазируфт, ошкоро ҳимоят мекард. Ин Ҷабҳа тирамоҳи соли гузашта дар дараи Панҷшер ва минтақаи Анадаробҳои вилояти Бағлон хеле фаъол буд ва чанд шабехун ба зидди ҷангҷӯёни Толибонро ҳам анҷом дод. Вале чандин вақт боз дар бораи кадом задухӯрдҳои наве байни тарафдорони ин ҷабҳа ва ҷангҷӯёни Толибон хабарҳо ба гӯш намерасанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button