ВидеоМинтақа ва ҷаҳонЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ МАДЛЕН ОЛБРАЙТ – НАХУСТИН ЗАН ДАР МАҚОМИ КОТИБИ ДАВЛАТИИ АМРИКО

Мадлен Олбрайт, собиқадори арсаи сиёсии Амрико ва нахустин зане, ки ба мақоми котиби давлатӣ, яъне вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико расида буд, дар синни 85 аз олам чашм пӯшид. Департаменти давлатии Амрико гуфт, Мадлен Олбрайт ба иллати бемории саратон вафот кард.

Нед Прайс, сухангӯи департаменти давлатӣ гуфт: “Таъсире, ки ӯ дар департаменти давлатӣ аз худ боқӣ гузошт,  то имрӯз ҳар рӯзи Худо эҳсос мешавад. Ӯ дар бисёр корҳои пешоҳанг буд ва нахустин зан дар мақоми котиби давлатӣ буд”.

Дабири кулли паймони низомии НАТО Йенс Столтенберг гуфт, Олбрайт як қувваи таҳрикдиҳандаи мубориза барои озодӣ ва аз тарафдорони сарсахти НАТО буд.

Раисиҷумҳури собиқи Амрико Ҷорҷ Буши хурдӣ гуфт, Олбрайт хуб медонист, ки дар ҷаҳони мо озодиҳои инсонӣ чӣ нақши муҳимеро бозӣ мекунанд.

Мадлен Олбрайт (Мария Яна Корбелова) соли 1937 дар шаҳри Прага, пойтахти Чехословакия дар оилаи дипломат ба дунё омада, соли 1948, вақте ҳамагӣ 11 сол дошту қудратро дар Чехословакия коммунистҳо бо зӯрӣ ба дасти худ гирифтанд, ҳамроҳи хонаводааш ба Амрико кӯчид. Соли 1957, вақте 20 сол дошт, Мадлен Олбрайт шаҳрвандии Амрикоро ба даст овард.

Мадлен Олбрайт  дар замони президентии Ҷимми Картер ба кор дар Кохи сафед сар кард ва дар ситоди чанд номзад ба президентӣ мушовир оид ба масоили сиёсати байналмилалӣ буд.

Соли 1993 президенти вақти Амрико Билл Клинтон Мадлен Олбрайтро сафир дар Созмони Милал таъйин кард. Ӯ дар ин мақом бахусус бо интиқоди тундаш Бутрос Бутрос Ғолӣ барои беамалиаш дар роҳи пешгирӣ аз қатли ом дар кишвари африқоии Руанда дар ёдҳо мондаастю

Соли 1997 президент Клинтон Олбрайтро бо вуҷуди мухолифатҳо дар Кохи сафед котиби давлатӣ таъйин кард. Олбрайт дар ин мақом тамоми талошашро ба харҷ дод,  то маъмурияти Клинтонро ба дахолат дар муноқишаи Косово  ва пешгирӣ аз поккориҳои қавмие, ки дар ин сарзамин режими Слободан Милошевич анҷом медод, мутақоид кунад. Ҷанги НАТО барои Косоворо бисёриҳо ҳатто “ҷанги Олбрайт” ном мебурданд. Ӯ он вақт гуфта буд: “ЯМан тамоми масъулияти амалиёти ҳарбӣ дар нимқораи Балканро ба дӯши худ мегирам, чунки мо наметавонем ба он ҷиноятҳои зидди инсоният, ки Милошевич дар ин ҷо доман мезанад, бефарқ бингарем”.

Соли 2012 Барак Обама Мадлен Олбрайтро барои нақшаш дар истиқрори сулҳ дар Балкан бо олитарин мукофоти мулкии Амрико: медали президентии Озодӣ сарфароз гардонд.

Моҳи феврал, ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз шурӯи ҷанги Украина Мадлен Олбрайт бори дигар аз худ дарак дод ва дар як матлаб дар нашрияи “New York Times” президенти Русия Владимир Путинро барои қасди ҳамлааш ба Украина ба боди шадиди танқид кашид.

“Украина сарфи назар аз он ки ҳамсояаш кист, ҳаққи истиқлол дорад. Инро имрӯз тамоми қудратҳои бузург эътироф мекунанд ва шумо ҳам, ҷаноби Путин, бояд инро эътироф кунед!” – навишта буд Мадлен Олбрайт дар ин матлаби охиринаш.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button