ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

БА ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ НИМ МИЛЛИОН ВАКСИНАИ ЗИДДИ СУРХЧАВУ СУРХАКОН ОВАРДАНД (4 АКС)

Намояндагии ЮНИСЕФ, Сандуқи кӯдаки Созмони Милал рӯзи 24 март хабар дод, ки  ба Тоҷикистон тавассути ин созмон 541 000 вояи ваксинаи зидди бемориҳои сурхча (корь), паротит (свинка) ва сурхакон (краснуха) оварда шуданд. ЮНИСЕФ гуфт, ин вояҳо аз ҷониби шуъбаи Сандуқи кӯдаки Созмони Милал дар Копенҳаген, пойтахти Дания бар пояи 840 ҳазору 173 доллар кумаки молиявии Бонки ҷаҳонӣ харидорӣ шуда, бахше аз барномаи пуштибонии ҳукумати Тоҷикистон дар чорчӯби муборизааш бо пандемияи коронавирус мебошад. Тибқи ин барнома, Бонки ҷаҳонӣ барои пур кардани камбуди буҷаи Тоҷикистон харидории вояҳои ваксинаи зидди ин се бемориро низ ба дӯши худ гирифтааст.

Раҳбари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ӯзон Севимлӣ гуфт: “Ироаи маблағгузории муваққатӣ барои харидории ин ваксинаҳо танҳо як бахши кумакҳои густардаи мо барои ҳимояти хадамоти асосии соҳаи тандурустӣ аз мушкилоти замони пандемия аст”.

ЮНИСЕФ мегӯяд, пандемияи коронавирус нқши калидии ваксиназаниро дар ҳаёти мардум ва барои иқтисод бори дигар нишон дод ва ҳама дид, ки сарфи назар кардани ваксинаҳо хатари дучор шудан ба бемориҳоро зиёдтар мекунад.

Ба ҳисоби ЮНИСЕФ, аз соли 2010 то 2017 дар саросари ҷаҳон 169 миллион кӯдак ваксинаи аввали зидди бемории сурхчаро аслан нагирифтаанд. Яъне ба ҳисоби миёна, ҳар сол беш аз 21 миллион кӯдак аз ин ваксинаи барои ҳифзи саломатии онҳо муҳим маҳрум мондаанд. Афзоиши шумори кӯдакони беваксина имрӯз боиси хуруҷи бемории сурхча дар чандин кишвар шудааст.

Раҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Усома Маккавӣ бо истиқбол аз расидани ин ваксинаҳо ба Тоҷикистон ва бо изҳори сипос ба Бонки ҷаҳонӣ гуфт, ин ним миллион ваксина барои кӯдакони тоҷик як кумкки саривақт ва муҳим аст, зеро имкон медиҳад, ки ҳазорон кӯдакро аз бемориву маъюбӣ наҷот диҳанд.

Дафтари ЮНИСЕФ аз соли 19993 дар Тоҷикистон фаъолият дорад ва асосан барои амалӣ сохтани барномаҳои кумак ба кӯдакон дасти ёрӣ дароз мекунад. Вале дар даврони пандемияи коронавирус масъулияти ба Тоҷикистон овардани вояҳои ваксинаи зидди ин беморӣ низ ба дӯши ЮНИСЕФ афтод. Ба ҳисоби вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон ба сурати ройгон то имрӯз беш аз 13 миллион вояи ваксинаи зидди коронавирус дарёфт кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button