АфғонистонВидео

БА ТОЛИБОН ҲАМ ДАРКОР НАШУД: БАРКАНОРИИ ҲАМИДИ ХУРОСОНӢ, ЯК ЗОДАИ ПАНҶШЕР, КИ БА ТОЛИБОН ПАЙВАСТ

Сомонаи  СангарТҷ, ки бо ҳуруфи сирилик таҳаввулоти Афғонистонро пайгирӣ мекунад, хабар дод, ки Ҳамиди Хуросонӣ аз мақоми фармондеҳи амнияти вилояти Панҷшер барканор карда шудааст. Ҳамид ё Абдулҳамиди Хуросонӣ аз ҷумлаи он зодагони ангуштшумори Панҷшер буд, ки бо ҳаракати Толибон муомила кард ва ба онҳо дар тасарруфи Панҷшер кумак карда буд.

Аммо мақомоти Толибон  гуфтаанд, ки фармони барканории Абдулҳамиди Хурсонӣ ҳанӯз се моҳ пеш имзо шуда буд, вале ӯ ҳамчунон худсарона кор мекард.

Абӯбакри Сиддиқ, сухангӯи волии аз сӯи Толибон таъйиншудаи вилояти Панҷшер ба сомонаи “Сангар гуфт: Абдулҳамиди Хуросонӣ ҳеҷ собиқаи муҷоҳидӣ надошт, як фарди лаҷуҷу дузду раҳзан буд ва қаблан зидди иморати исломӣ ҳарфҳое гуфта буд, ки ҳама сабту маълуми мардум аст. Ӯ аз ҳамон оғоз ҳеҷ гоҳ расман фармондеҳи амнияи Панҷшер набуд ва фармонаш низ аз сӯи вазорати дохила содир нашудааст”.

Бино ба иттилои сухангӯи волиии Панҷшер, рӯзи 19 март, Атиқуллоҳ Сиддиқӣ расман ба унвони фармондеҳи ҷадиди амнияти ин вилоят баргузор шудааст. Сиддиқӣ ба асоси лузумдиди масъулони маҳаллии Панҷшер ва раҳбарони вазорати умури дохилаи Иморати исломӣ ҳудуди як моҳ мешавад, ки ба вазифа таъйин шуда, кор мекард. Ҳар амале, ки Хуросонӣ анҷом медод, худсарона буд ва ҳеҷ салоҳияте барои он надошт”, – гуфт Абӯбакри Сиддиқ.

Атиқуллоҳ Сиддиқӣ аз рустои Бозорак, маркази вилояти Панҷшер  аст ва ба қавли сухангӯи волии Панҷшер, “дар гузашта ба ҳимоят аз низоми  исломӣ корҳои арзанда кардааст”.

Вале манобеъи огоҳи “Сангар” гуфтаанд, Атиқуллоҳ Сиддиқӣ як шахси бесавод буда, дар қиёс бо Хуросонӣ, ки ҳадди ақал синфи 8-ро хатм кардааст, ягон мактаб нахондааст ва далели интисобаш қабл аз ҳама риояи тавозуни минтақаӣ дар Панҷшер мебошад, зеро волӣ аз вулусволии Париён аст ва то ин замон ҳеҷ як раҳбари толибонӣ аз Бозорак, маркази вилоят ва ҳамчунин зодгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд, асосгузори  муқовимати зидди Толибон набуд.

Атиқуллоҳ Сиддиқӣ як корманди истихбороти Толибон буд, ки чанд рӯз пеш аз сӯи муҳофизи Мавлавӣ Қудратуллоҳ, волии Панҷшер ба зарби гулӯла захмӣ шуд. Гуфта мешуд, ки ӯ монеи ришва гирифтани ин муҳофиз  шудааст. Ин қазияро зимнан Ҳамиди Хуросонӣ пайгирӣ дошт.

Ҳамиди Хуросонӣ аз рустои Онобаи вулусволии Руха ва яке аз чеҳраҳои ҷанҷолии Панҷшер аст, ки то зиндонӣ шуданаш дар пайи мухолифат бо Амруллоҳи Солеҳ, он замон муовини аввали раисҷумҳур АшрафҒанӣ, дар Кобул ба кору бори машкуке, назири дуздиву ғоратгарӣ, машғул буд. Пас аз озод шуданаш аз зиндон Ҳамиди Хуросонӣ ба кӯҳҳои Панҷшер паноҳ бурда, бо ҳукумати марказӣ мухолифат мекард. “Сангар” менависад, ки “ӯ гоҳо алайҳи Толибону ДОИШ шиор медод ва доди пайравӣ аз Аҳмадшоҳи Масъудро мезад, аммо ба як бор қабл аз ҷангҳои Панҷшер садояш аз канори Толибон ва алайҳи муқовимат баланд шуд”.

Пас аз суқути Панҷшер фармондеҳи амнияи вилоят таъйин шуд. Аммо рӯзҳои ахир оромашро гум кард, зеро бо волии Панҷшер Мавлавӣ Қудратуллоҳ вориди ихтилоф гардид ва як муроҷиати видеоӣ низ ба Мулло Ҳайбатуллоҳ аз волии Панҷшер дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, ки фардояш хабари барканориаш эълон шуд.

Ҳоло дақиқ маълум нест, ки Хуросонӣ  баъди барканориаш куҷост ва ба чӣ кор машғул аст? Он чӣ ба Сангар маълум аст, вай дар хонаи худ ва таҳти муроқибат карор дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button