ВидеоҶомеа

ШИКОЯТИ СОКИНИ ХУҶАНД АЗ РОНАНДАИ ДАҒАЛУ ҲАВОБАЛАНДИ МАРШРУТКАИ №106А (2 АКС)

Фарҳодҷон, як сокини Хуҷанд бо ирсоли ду акс ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз рафтори ронандаи маршруткаи №106А бо номи Илҳомҷон шикоят кард.

Бино ба нақли вай, ҳамсару келинаш рӯзи 21 март ҳангоми бозгашт аз бозори “Атуш” бо маршруткаи №106А дучори рафтори ҳавобаландонаю дағалонаи ронанда шудаанд.

“Ман як корам баромад ва ба онҳо гуфтам, ки ба ягон маршрутка ё такси савор шуда, баргарданд. Онҳо аз қазо ба ҳамин маршруткаи Илҳомҷон ном ронанда нишастаанд. Дар роҳ ронанда суръатро хеле баланд бардоштааст ва ҳамсари ман ба ӯ эрод гирифтааст, ки суръаташро каме паст кунад, чунки келини мо ҳомила аст. Ронанда ба ғазаб омада, суръатро якбора паст кардааст ва давом роҳ бо суръати 10 то 15 километр дар соат мошинашро рондааст. Вақте ҳамсари ман эрод гирифтааст, ки инҷо дигар мардум ҳам рафта истодаанд, ин чӣ масхарабозӣ? Ронанда бо қаҳр мошинашро манъ карда, пули роҳкироро ба рӯи ҳамсараму келинамон партофта, онҳоро маҷбур кардааст, ки дар ними роҳ, дар гардиҳи Кулангир аз мошин фароянд. Ба касе шикоят кунед, кардан гиред! – гуфтааст вай ба тарафи ин ду зане, ки дар ними роҳ партофта, рафт”,  – нақл мекунад Фарҳодҷон.

Занҳои дар роҳ монда ба Фарҳодҷон занг зада, бо гиря нақл кардаанд, ки ронанда чӣ гуна ба як шакли таҳқиромез онҳоро аз мошин фароварду дар ними роҳ партофт.

“Ман онҳоро ором кардаму баъди ба хона оварданашон худам ба истгоҳи охирини хатсайри №106А рафтам. Он ронандаро ҳам ёфтам, вале ба ҷои онки барои рафтораш узр бипурсад, он қадар ҳавобаландӣ кард, ки ҳеҷ ногуфтанӣ. Ба куҷое шикоят кунед, кардан гиред, касеро меоред ба сари ман, биоред! Пул дода халос мешаваму ба додатон касе намерасад” – гуфт вай ба рӯям. Ҳатто бригадири он хатсайр омаду насиҳаташ кард, ки нодуруст муносибат кардаӣ бо мусофирон, узр пурсу ҳаминҷо нуқта гузор ба ин масъала, вале не, аслан аз аспи ҷаҳлаш нафаромад”, – нақл кард давоми моҷароро Фарҳодҷон.

Ӯ мегӯяд, чунин рафтори дағалонаро нисбат ба мусофирон, ба боло он, нисбат занҳо, ки якеаш ҳомила ҳам ҳаст,  ғайриқобилиқабул мешуморад. Дар ними роҳ аз мошин берун кардани мусофиронро Фарҳодҷон аслан хилофи тамоми меъёрҳои касбӣ ва одоби инсонӣ мешуморад. Ӯ аз масъулони соҳаи нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд мехоҳад, ки таноби Илҳомҷонро бикашанд, то ин моҷаро барои чунин ронандагон як панд бишавад ва дар ҳеҷ сурат ва ба ҳеҷ ваҷҳ нисбат ба мусофирон чунин рафтор накунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button