ВидеоИқтисод

ПУЛИ ЯКТАРАФАШУДАИ ДЕҲМОЙРО КАЙ БАРҚАРОР МЕКУНАНД? (4 АКС)

Як гуруҳи ронандагоне, ки бо мошинҳои боркаш тавассути шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ бо фураҳои бузург бор мекашоннад, мегӯянд, бо гузашти як сол пули қисман тахрибшуда дар километри 267-уми ин шоҳроҳ дар мавзеи Деҳмойро то ҳол тармим накардаанд.

“Як сол пеш тарафи рости пули Деҳмой аз ҷониби Душанбе фурӯ рафта буд. Аз ҳамон вақт инҷониб ин пул то имрӯз барқарор карда нашудааст. Ваъда дода буданд, ки зуд барқарор мекунанд, вале ҳайҳот”,  – мегӯянд ронандагон.

Дар аксҳои фиристодаи ронандагон дида мешавад, ки ҳаракат тавассути танҳо як тарафи пули Деҳмой сурат мегирад. Тарафи дигари ин пулро, ки фурӯ рафта буд, кандаанд, вале дигар дуруст накардаанд.

Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ягона роҳи заминист, ки вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистонро бо қисматҳои боқимондаи ин ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо пойтахташ, шаҳри Душанбе мепайвандад. То сохта шудани нақби “Истиқлол” дар ин шоҳроҳ ягона роҳи байни шимол ва маркази Тоҷикистон аз тариқи ағбаи Анзоб буд, ки дар зимистон баста мешуд.

Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ аз пойтахти Тоҷикистон тавассути кӯҳҳои  Зарафшону шаҳри Хуҷанд то марзи Ӯзбекистон сохта шудааст.

Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ дар даҳаи аввали асри 21 бо наздики 300 миллион доллар қарзи Хитой навсозӣ шуда, аз соли 2009 масъулияти нигоҳубин ва пулчиниаш ба ширкати IRS вогузор карда шуд. Дар ҳоли ҳозир ин ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон аст. IRS аз моҳи январи соли 2022 нархи убури ин роҳро дастикам 50% боло бурд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button