ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ ҶАВОҲИРОТ ДАР ҲАМАДОНӢ ВА ҲАЙ КАРДА БУРДАНИ ЯК МОШИН ДАР ПОЙТАХТ

Сокини 33-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ ба он гумонбар мешавад, ки субҳи 2 март, тахминан соати 08:30, пинҳонӣ ба хонаи зани 46-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва нуқрагиро ба маблағи 2100 сомонӣ дуздидааст.

хххххххххххх

Сокини 24-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки шаби 20 ба 21-уми марти соли 2022, тахминан соати 02:30, мошини тамғаи “Нексия Дайво” –и як сокини 46-солаи пойтахтро ғайриқонунӣ ҳай карда ба самти номаълум бурдааст.


Аз навори хабарҳои рӯзи 22 марти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ифшо шудани дуздии ҷавоҳирот

74a44dcac53dc9d507d7c9d549fbebb0

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо ариза зани 46-солаи сокини ноҳияи зикргардида муроҷиат намудааст, ки 2-юми марти соли 2022, тахминан соати 08:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва нуқрагиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 100 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомашина

005

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир карда шуд.
Номбурда, шаби 20 ба 21-уми марти соли 2022, тахминан соати 02:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ автомашинаи тамғаи “Нексия Дайво”, ки ба марди 46-солаи сокини пойтахт тааллуқ дорад, ғайриқонунӣ ҳай карда ба самти номаълум бурдааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button