ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АЗ 25 ТО 30 МАРТ ҲАРАКАТИ МОШИНҲО ДАР БАЪЗЕ ХИЁБОНҲОИ ДУШАНБЕ МАҲДУД МЕГАРДАД

25-27 март аз соати 09:00 то 17:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз буриши хиёбонҳои Рӯдакӣ-Айнӣ тавассути хиёбони Рӯдакӣ то маҳаллаи Чорбоғ, кӯчаҳои Ҳ.Шерозӣ — Карамов пайваст ба хиёбони Рӯдакӣ ва 28-30 март аз соати 07:30 то 16:00 аз ҳалқаи буриши хиёбони С.Айнӣ — кӯчаи Дӯстии халқҳо, хиёбонҳои Айнӣ, Рӯдакӣ то маҳаллаи Чорбоғ, хиёбонҳои Ҳ.Шерозӣ, С.Шерозӣ, кӯчаи Н.Қарабоев, роҳи мошингарди Душанбе — Бохтар то деҳаи Ачии ноҳияи Хуросон ва бозгашт бо кӯчаҳои Н.Қарабоев, С.Шерозӣ, хиёбонҳои А.Сино, И.Сомонӣ, Н.Махсум то маҳаллаи Зафар ва бозгашт тавассути хиёбонҳои Н.Махсум, И.Сомонӣ, Рӯдакӣ то майдони Дӯстии  халқҳо маҳдуд мегардад.

Тавре дар шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маҳдуд гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо мақсади баргузории Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шаҳри Душанбе ва шоҳроҳи Душанбе — Бохтар то деҳаи Ачии ноҳияи Хуросон мебошад.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки дар рӯзҳои баргузории чорабинии мазкур, яъне аз 25 то 30 март аз истифодаи воситаҳои нақлиёти шахсӣ худдорӣ намуда, аз нақлиёти ҷамъиятии автобусҳо истифода намоянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button