ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

ШОГУН БАҲОР ВА ИНТЕРНЕТ МУБОРАК! ИНТЕРНЕТ ДАР БАДАХШОН ДАСТРАС ШУД, ВАЛЕ БА ШАКЛИ МАҲДУД

Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) хабар доданд, ки аз субҳи 21 март дастрасӣ ба Интернет дар қаламрави ин вилоят, аз ҷумла дар марказаш, шаҳри Хоруғ барқарор карда шуд, вале бар хилофи ваъдаи мақомот, ба як шакли маҳдуд. Генерал Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ рӯзи 18 март эълон карда буд, ки азбаски вазъ дар вилоят ба эътидол омадааст, аз 21 март дастрасии сокинон ба Интернет пурра барқарор карда мешавад.

Вале сокинон мегӯянд, ки Интернет на ба шакли пурра, балки феълан танҳо дар формати 2G дастрас шудааст, вале форматҳои муосиртаре, чун 3G ё 4G ҳамчунон дастнорас боқӣ мемонанд. Бо формати 2G даромадан ба мессенҷерҳо ва радду бадали паёмҳои хаттӣ ва ҳадди аксар садоӣ имкон дорад, вале барои фиристодани аксу видео ё суҳбатҳои видеоӣ аз тариқи мессенҷерҳо зӯраш намерасад.

Дар ҳар сурат, сокинони Бадахшон аз дастрас шудани Интернет ҳатто дар чунин шакли маҳдуд истиқбол мекунанд ва рӯзи 21 март якдигарро ба Наврӯз ва дастрас шудани Интернет якҷо муборакбод мекарданд ва мегуфтанд: “Шогун баҳор ва Интернет муборак!”

Як ҳадафи маҳдуд кардани дастрасӣ ба Интернет дар Бадахшон аз поёни моҳи ноябр низ ҳамин пешгирӣ аз имкони паҳн кардани видеоҳоу аксҳо дар бораи ҷараёни эътирозҳо ва дигар ҳаводис дар ин гӯшаи ноороми Тоҷикистон гуфта мешуд. Алишер Мирзонабот дар суханронии рӯзи 18 марташ инро ҳамчун “тоза нигоҳ доштани авзоъи иттилоотӣ” таъбир карда буд. Раиси вилоят дар он ҷаласаи рӯзи ҷумъа гуфт, Интернет дар ВМКБ бо сабабҳои вазъи моҳи ноябр дар Роштқалъа ва Хоруғ баамаломада, инчунин бо мақсади тоза нигоҳ доштани фазои иттилоотӣ қатъ гардид”  ва акнун “бо ба эътидол омадани вазъи шаҳру навоҳӣ ва вилоят  бо иқдоми раиси вилоят аз санаи 21 март дар ҳудуди вилоят алоқаи интернетӣ комилан барқарор мегардад”.

Генерал Алишер Мирзонабот аз ҷумла дар чанд моҳи охир ба ҷавобгарӣ кашида шудани 5 гуруҳи ҷинояткор бо 27 узваш ва боздошти 6 узви гуруҳҳои қочоқбари маводи мухаддир ҳамчун намунаи беҳтар шудани вазъи криминалӣ дар вилоят маънидод кард. Генерал Мирзонабот  дар айни замон аз паҳн кардани маълумоти дурӯғу иғвобарангез дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет ҳушдор дода, гуфтааст, чунин аъмол ҷавобгарии ҷиноиро ба дунбол дорад.

Дастрасӣ ба Интернет дар Бадахшон аз 25 ноябри соли 2021, дар пайи шурӯи эътирозҳо бо  ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони марги  сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков масдуд карда шуд. Сокинон шоми 28 ноябр, танҳо баъди гирифтани ваъдаи мақомот ба таҳқиқи ин қазия ва барқарор кардани дастрасӣ ба Интернет пароканда шуданд. Тибқи ваъда мақомот мебоист дастрасӣ ба Интернетро дар зарфи 2 рӯз, яъне то 30 ноябр пурра барқарор мекарданд. Аммо ин ваъда  он вақт иҷро нашуд.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон танҳо баъди чанд моҳ шарҳ дода буд, ки гӯё дастрасӣ ба Интернтеро дар Бадахшон “ба сабабҳои амниятӣ” то ба ҳадди 2Г маҳдуд кардаанд.

Аммо Мишел Бачелет, Комиссари олии Созмони Милал дар масъалаи ҳуқуқи инсон, рӯзи 7 март дар иҷлосияи 49-уми Шӯрои ҳуқуқи инсон дар суханрониаш бо изҳори таассуф аз идомаи қатъи Интернет дар Бадахшон инро “ба таври ошкор поймол кардани ҳуқуқи инсон” номид. Ӯ гуфт: “Хушунатҳо байни нирӯҳои амниятӣ ва тазоҳургарон дар моҳи ноябри соли 2021 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазъи ҳуқуқи инсонро дар ин минтақа боз ҳам бадтар карда, як фазои тарсу таъқибро ба вуҷуд овардааст. Ман аз идомаи қатъи дастрасӣ ба Интернет дар ин вилоят изҳори таассуф мекунам. Ин ба таври ошкор поймол кардани ҳуқуқи инсон аст”.

Ҳамин тавр, сафорати Амрико дар Тоҷикистон низ рӯзи 16 март бо нашри як баёнияи вижа аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки ба озодии иттилоот эҳтиром бигузорад ва дастрасии комили сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба Интернетро барқарор кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button