ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

РӮНАМОИИ КИТОБИ “ВОРУХ ДЕВОРИ ВАТАН” ДАР ҲОЛЛАНД (ВИДЕО)

Шоми 18 март дар шаҳри Амстердами Ҳолланд дар ҳошияи ҷашни наврӯзии созмони тоҷикони ин кишвар “Сомониён” маросими рӯнамоии китоби “Ворух девори Ватан” низ баргузор шуд.  Ин китоб, ки маҷмӯи мақолаҳо ва шеърҳо дар бораи Ворух, ҳамчунин сафаргуфтаҳо ва мақолаҳои таърихӣ аз забони русӣ ва англисиро дар бар мегирад, аз ҷониби нашриёти “Ақли Сурх” дар ин кишвари Аврупо нашр шудааст.

“Ворух девори Ватан” аз ҷониби адиб ва рӯзноманигори тоҷики муқими Ҳолланд Шаҳзодаи Самарқандӣ барои чоп омода карда шудааст.

Дар маросими рӯнамоии китоб дар Амстердам сафири Тоҷикистон дар Брюссел Эркин Раҳматуллозода низ ширкат ва суханронӣ кард. Эркин Раҳматуллозода гуфт, масъалаи Ворух барои худи ӯ хеле ошност, чунки худаш зодаи ҳамин сарзамин аст.

Ҷаноби Раҳматуллозода аз номи сафорати Тоҷикистон ба Шаҳзодаи Самарқандӣ барои таҳияи ин китоб сипоснома супурд.

 “Ба нишони қадрдонӣ аз заҳматҳои бедареғи Шаҳзодаи Самарқандӣ – нависанда, рӯзноманигор ва муҳаққиқи шинохта дар роҳи дифоъ аз манофеъи ҳаётии кулли порсигӯён, тақвияти ҳамбастагӣ ва ваҳдати онон, интишору таблиғи беҳтарин намунаҳои фарҳангу тамаддуни волои мо ин Сипоснома тақдим гардид”, – гуфта шудааст дар сипосномаи сафорат.

Ворух бо наздики қариб 40 ҳазор аҳолӣ ҷамоатест тобеи шаҳри Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон. Дар натиҷаи табартақсимҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳоло ҷамоати Ворух аз чор тараф дар дохили қаламрави Қирғизистон банд мондааст ва ягона роҳаш то деҳаи Хоҷаи Аъло, наздиктарин деҳаи воқеъ дар марзи Тоҷикистон аз қаламрави деҳаи қирғизнишини Кӯктош мегузарад.

Ҳар боре ки вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон бад мешавад, сокинони Қирғизистон ягона роҳ ба тарафи Ворухро мебанданд ва ин ҷамоат дар муҳосира қарор мегирад.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун танҳо каме бештар аз 500 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Хунинтарин муноқиша дар ин қисмати марз дар поёни моҳи апрели соли 2021 рӯй дод, ки дар натиҷаи он аз ду тараф 55 нафар кушта ва 240 нафар захмӣ шуданд. Ин хунинтарин муноқиша дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии ҷумҳуриҳои муосири Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Дар поёни моҳи январи соли 2022 дар як муноқишаи дигари мусаллаҳона дар марзи Исфара бо Бодканд ду сокини Тоҷикистон кушта ва аз ҳарду тараф беш аз 20 тани дигар захмӣ шуданд.

Ҳамин тавр, шаби 11 март дар як тирпарронии дигар дар марзи Чоркӯҳ бо Бодканд марзбони тоҷик Суннатулло Самадов кушта шуда, ду марзбони дигар ва чанд сокини Чоркӯҳ захмӣ шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button