ВидеоҲуқуқи инсонЧеҳраҳо

ҲАНӮЗ ҲАМ САФЕДУ СИЁҲ ҶОИ ХУДРО НАГИРИФТААНД… БОЗ ЯК ЗОДРӮЗИ ЗАЙД САИДОВ ДАР ПАСИ ПАНҶАРА

“Падарҷон, бисёр мехостам ин баҳор, ин Наврӯз ва ин зодрӯз дар озодӣ, гирди дастархони хоксоронаамон ҷамъ бошем. Аммо чӣ илоҷ, ҳанӯз ҳам сафеду сиёҳ ҷои худро нагирифтаанд ва мо дар роҳи интизориҳои бепоён умри қимату бебозгашти худро сарф намуда истодаем. Зодрӯз муборак, падарҷони азизам! Илоҳо ба дуову илтиҷоҳои мо лутфу карам ато намоӣ ва падари меҳрубони маро ҳамеша сиҳату саломат нигаҳбон бошӣ ва озодиро барояш ато бифармоӣ…”

Ин иқтибос аз паёми табрикии Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов, вазири собиқи саноат ва соҳибкори хушноми тоҷик аст, ки зодрӯзи 64-ашро ҳам паси панҷараи зиндон таҷлил кард. Ин алакай ҳаштумин зодрӯзи Зайд Саидов аст, ки ӯ дар маҳбас таҷлил мекунад.

Зайд Саидовро, ки рӯзи 20 март ба синни 64 расид, 19 майи соли 2013, як моҳ баъди эълони азмаш барои таъсиси як ҳизби сиёсии нав бо номи Тоҷикистони нав боздошт ва дар маҷмӯъ ба 29 соли зиндон маҳкум карданд. Аз ибтидо аксар ин ҳукмро сиёсӣ ва ноодилона мехонданд ва ҳатто додрасе, ки ҳукми охирини Зайд Саидовро содир кард, шармидаву гунаҳкорона гуфта буд, “Зайд Шерович, чӣ кор кунем, ки тақозои замона ҳамин аст…”

Дар соли 2018 Созмони Милал ҳукми зиндони Зайд Саидовро ғайриқонунӣ номид ва аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки ӯро озод карда, барои солҳои зиндонаш  ҳатто ба ӯ ҷуброн пардохт кунад. Вале қарори Созмони Милалро ҳам дар Душанбе касе ба инобат нагирифт.

Бисёриҳо умедвор буданд, ки Зайд Саидовро ақалан дар чорчӯби қонуни афви соли гузашта ба муносибати 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистон озод мекунанд, вале ин қонуни афв садҳо дузду роҳзану мансабдорони порахӯрро фаро гирифту ин соҳибкори соҳибномро не. Ба қавли писараш Хайрулло Саидов, “ҳанӯз ҳам сафеду сиёҳ ҷои худро нагирифтаанд…”

Хайрулло Саидов дар матлабаш дар Фейсбук дар мавлуди падари зиндониаш ҳамчунин менависад: 20 март рӯзе аст, ки муҳаббати бепоёни қалбамон ба забони гуфтан медарояд ва мехоҳем беҳтарину ноёбтарин ҳарфу суханро дар баробари бузургии падарҷонам гуфта бошем… Вале ин 9 соли дуриву сахтиҳои беҳисоби падари зиндониам хонаи дардҳои диламро чапаву рост мекунад, ки навдаҳои пурғаму пурғуссаро болои дастагули пурорзӯям мебинам.”

Зайд Саидов 20 марти соли 1958 дар деҳаи Шодмонии ноҳияи Комсомолобод (ҳоло  Нуробод)  ба дунё омада ва соли 1983 риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ солҳои 1984-1983 сармуҳандиси корхонаи “Ритуал”-и Душанбе, солҳои 1987-1988 сардори бахши қаннодии корхонаи кулчапазиву қаннодии пойтахт, сипас то соли 1991 сардори коргоҳи коркарди сангҳои мармари ширкати “Промстройматериали” ва солҳои1991-1992 разбари корхонаи “Лаъл” буд.Вақте нирӯҳои Фронти халқӣ дар поёни соли 1992 вориди Душанбе шуданд, манзили Зайд Саидовро дар кӯчаи Қаротегин оташ заданд ва ӯ ба Маскав фирор кард. Зайд Саидов дар солҳои муҳоҷират ба яке аз соҳибкорони муваффақи тоҷик табдил ёфт ва дар музокироти сулҳ байни давлат ва мухолифин низ ширкат кард. Соли 1998 бар асоси саҳмияи 30-фоизаи мухолифин раиси Кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуд. Зайд Саидов аз соли 2002 то 2006 вазири саноати Тоҷикистон буд ва баъди рафтанаш аз ин мақом ширкати “Тоҷ сохтмон”-ро ташкил дод.

Чандин бино и муҳташам дар пойтахти Тоҷикистон, аз ҷумла “Душанбе – Плаза”, ки бо 22 қабаташ баландтарин бино дар шаҳри Душанбе дониста мешавад, мактаби рақами 8, меҳмонхонаи “Гулистон-Тур” ва дафтари марказии ширкати”TCell”-ро ширкатҳои сохтмонии марбут ба хонаводаи Зайд Саидов сохтаанд.

Зайд Саидов моҳи майи соли 2013, як моҳ баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав боздошт ва ибтидо ба 26 ва дар ниҳоят ба 29 соли зиндон маҳкум шуд.

 Худи ӯ борҳо боздошту ҳукми зиндонашро сиёсӣ номида, ба азмаш барои сохтани ҳизби сиёсӣ рабт додааст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ низ Зайд Саидовро маҳбуси сиёсӣ меноманд. Аммо мақомоти Тоҷикистон ангезаҳои сиёсӣ доштани ҳукми ӯро рад мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button