ВидеоИқтисод

ЧАРХАИ СЕЮМИ НИРӮГОҲИ САРБАНД БА КОР АНДОХТА ШУД (12 АКС)

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки субҳи 20 март сафари кории наврӯзиаш ба ноҳияҳои вилояти Хатлонро оғоз кард, бино ба гузориши хадамоти матбуоташ, дар нимаи аввали рӯз алакай дар чанд  чорабинӣ, аз ҷумла  дар шаҳри Левакант дар маросими ифтитоҳи 3 корхонаи тавлиди оби ҷав (пиво), тавлиди афшураи меваву сабзавот ва истеҳсоли хишт ва  ҳамчунин дар маросими оғози кишти пахта ва  дар ноҳияи Кӯшониён дар маросими шинондани дарахт дар як тутзор ва ба истифода додани маркази кӯдакон “Зарринтоҷ” ва хонаҳои бисёрқабата иштирок кардааст.

Вале чорабинии аз ҳама муҳими рӯзи аввали сафари ӯ ба Хатлон, албатта, маросим ба кор андохтани агрегат ё чархаи сеюми нирӯгоҳи барқи обии Сарбанд буд.

Чархаи сеюми ин нирӯгоҳ дар ҳоле ба кор дароварда шуд, ки аҳолии Тоҷикистон аз аввалҳои моҳи феврал дигарбора ба лимити шадиди нирӯи барқ рӯбарӯ шудаанд ва дар аксари деҳоти ин кишвар сокинон ҳатто дар остонаи иди Наврӯз ҳамагӣ чанд соат дар шабонарӯз барқ мегиранд.

Чархаи сеюми нирӯгоҳи Сарбанд 49 мегаватт тавоноӣ дорад. Ин нирӯгоҳ дар умум 240 мегаватт иқтидори лоиҳавӣ дошта, яке аз 6 нерӯгоҳи амалкунанда дар маҷрои дарёи Вахш аст.

Сохтмони нирӯгоҳи Сарбанд соли 1956 оғоз гардида, аввалин чархааш соли 1962 ба кор дароварда шуда буд, вале ба далели истифодаи тӯлонӣ, қисми зиёди таҷҳизоти он фарсуда шуда, дар ин нирӯгоҳ дар давоми қариб 60 сол ба ҷуз аз таҷдиди як агрегат дигар ҳеҷ гуна корҳои таҷдиду навсозӣ анҷом дода нашуда буд.

Соли 2011 Бонки осиёии рушд барои бозсозии нирӯгоҳи Сарбанд беш аз як миллиард сомонӣ грант ҷудо кард, вале амалӣ сохтани ин лоиҳа расман соли 2016 оғоз гардид.

Бар асоси қарордод бо Бонки осиёии рушд, лоиҳа аз ду қисмат иборат буда, даври якуми он пурра иваз кардани 5 агрегат, 2 автотрансформатор, бунёди бинои нави идорӣ ва дигар корҳои ба он алоқаманд ва қисмати дуюми лоиҳа таҷдиди дастгоҳҳои тақсимкунандаи 220/110 киловолтаро дар бар мегирад.

  Айни замон дар қисмати якуми лоиҳа барқарорсозии таҷҳизоти истеҳсоли нерӯи барқ ҷараён дошта, ҳамчунин таҷдиду навсозии гидроагрегати рақами 1 идома дорад. Ҳаҷми корҳои иҷрошуда дар агрегати мазкур зиёда аз 60 фоизро ташкил медиҳад.

Қисмати аввали лоиҳаро ба ширкати хитоии “Чайнаҳидро” ва қисми дуюмашро ба консорсиуми “Генсер GЕ”-и Туркия супурдаанд ва ширкати туркӣ алакай бозсозии зеристгоҳҳои барқии 220 ва 110-киловолтро пурра ба анҷом расондааст. 

Хадамоти матбуоти президент гуфт,  агрегатҳо, трансформаторҳо ва дигар таҷҳизоти барқӣ аз Олмон, Италия, Ҳиндустон, Чин ва Қазоқистон ворид карда шуданд.

Бино ба ин манбаъ, дар натиҷаи фарсудашавии таҷҳизоташ, иқтидори тавлидотии нирӯгоҳи Сарбанд  то 165 мегаватт коҳиш ёфта буд, вале баъди бозсозӣ тавононии он то ба 270 мегаватт боло бардошта мешавад.

Ба истифода додани агрегати рақами 3-юми НБО “Сарбанд” дар шаҳри Левакант  20.03.2022

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button