ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ХУШОМ ГУЛЯМ – БЛОГЕРИ МАЪРУФ ВА НАБЕРАИ РАИСИ СОБИҚИ ВИЛОЯТИ БАДАХШОН

Бино ба хабарҳои расида, яке аз ҷавонони фаъоли зодаи Бадахшон Хушрӯз Ҷумъаев, ки бо тахаллуси Хушом Гулям маъруф буд, рӯзи 20 март дар шаҳри Хоруғ дастгир шудааст. Ӯ набераи Шодавлат Шодавлатов, раиси собиқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд. Бобои Хушрӯз Ҷумъаев як ҳафта пеш, шаби 14 март аз олам чашм пӯшид.

Ба гуфтаи як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, Хушом Гулям замоне аз ҷониби кормандони амният дастгир шуд, ки аз Шоҳдара ба маркази вилоят омада буд. Сабаби боздошт ва ба чӣ муттаҳам шудани ин фаъоли ҷомиаи шаҳрвандии Бадахшон норавшан боқӣ мемонад.

Алим Шерзамонов, яке аз роҳбарони оппозитсияи тоҷик, ки дар Аврупо қарор дорад ва нахустин шуда ӯ хабари боздошти Хушом Гулямро нашр кард,  мегӯяд, ӯ рӯзи 20 март, соати тақрибан 13 дар шаҳри Хоруғ дастгир шудааст. Бино ба иттилои Алим Шерзамонов, Хушом Гулям баъди ҳодисаҳои моҳи ноябри соли 2021 аз Душанбе ба Бадахшон рафта, бо аъзои комиссияи 44, ки аз ҳисоби намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ барои музокирот бо мақомот ва назорати ҷараёни иҷрои талабҳои эътирозгарони Хоруғ ташкил шудааст, фаъолона ҳамкорӣ дошт.

“Имрӯз 20.03.2022 тақрибан соати 13:00 бо вақти Душанбе дар Хоруғ фаъоли ҷомеаи Маданӣ Хушрӯз Ҷумъаев маъруф бо тахаллуси Хушом Гулям боздошт шуд. Мавсуф набераи Шодавлат Шодавлатов собиқ раиси ВМКБ, ки чанд рӯз пеш дунёро падруд гуфтанд, буд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар оиди забонҳои помирӣ менавишт. Пас аз воқеаҳои хунини ноябри 2021 дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа аз Душанбе ба Хоруғ рафта бо комиссия 44 нафараи ҷомеаи маданӣ фаъолона ҳамкорӣ дошт. Сабаби боздошташ номаълум боқӣ мемонад. Хушом 23 сол дорад. Хеле ҷавони умедбахш ва огоҳ”, – навиштааст Шерзамонов.

Хушом Гулям блогери маъруф буд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар дар бораи  таъриху забонҳо ва фарҳанги мардуми Помир матлабҳо нашр мекард. Аммо баъди ҳаводиси ахири Хоруғу Роштқалъа ӯ дар чанд матлабаш аз талабҳои эътирозгарони Хоруғ, ки ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкорони марги Гулбиддин Зиёбеков ва бардоштани посгоҳҳоро талаб доштанд, ҳимоят карда буд.

Pamir Daily News, пойгоҳи хабарие, ки масоили Бадахшонро пайгирӣ мекунад, хабар дод, ки бино ба иттилои манобеаш, Хушом Гулям ҳоло дар бинои раёсати КДАМ ВМКБ дар шаҳри Хоруғ қарор дорад. Ин нашрия низ аз сабаби боздошти ин фаъоли ҷомиаи шаҳрвандӣ изҳори бехабарӣ карда, навиштааст, ки Хушом Гулям бо доираҳои ҷиноӣ ва дигар доираҳо рабт надошт ва намояндаи ҷавонони равшанфикр ба шумор мерафт.

Баъди эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Бадахшон чандин нафар аз фаъолони бадахшонӣ ба ҳабс гирифта шуданд.  Аз ҷумла варзишгари маъруфи зодаи Бадахшон Чоршанбе Чоршанбиев ва яке аз роҳбарони ҷамъияти бадахшониҳои Русия Амриддин Аловатшоевро аз Русия оварданд ва чандин нафари дигар, аз ҷумла Содиқ Амадбеков ва Тӯтиё Амиршоев дар фурудгоҳи Душанбе ва узви комиссияи 44 Ифтихор Саидбеков дар Хоруғ дастгир шуданд.

Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ рӯзи 18 март дар як ҷаласа гуфт, баъди ҳодисаҳои ахир 27 узви 5 гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ ва 6 қочоқбари маводи мухаддир дастгир шудаанд. Мақомот мегӯянд, 15 тан аз аъзои гуруҳҳои ҷиноии Бадахшон, аз ҷумла Содиқ Амадбеков гӯё худашонро ихтиёран ба мақомот супурдаанд.

Бо  ин ҳол, дар робита ба куштори Гулбиддин Зиёбеков, ки сабаби эътирозҳо дар Хоруғ шуд, бо гузашти қариб чор моҳ ягон нафари гунаҳкор муайян ва дастгир нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button