ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲодиса

ВИДЕОИ ЛАҲЗАИ ДУ ХОНАРО ДАР БАДАХШОН ЧАППА КАРДАНИ ТАРМА

Ба сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муяссар шудааст, ки лаҳзаи ба болои ду хона фурӯ рехтани тармаро ба навор бигиранд. Дар ин сабт дида мешавад, ки тарма аввал оҳиста-оҳиста ба тарафи ду хона дар канори деҳа ҳаракат мекунад, вале сипас якбора суръат гирифта, хонаҳоро чаппа мекунад. Наворбардор, ки дар ҷои баландтару амнтар истодааст, дар аввал  аз ин офат  “ё Бисмиллоҳ!” гуфта, гиребон мегирифту тавба мекард, вале баъди зери бори тарма мондани хонаҳо ба фарёд кашидан сар кард.

Гуфта мешавад, ки ин ҳодиса рӯзи 16 март дар деҳаи Пошори ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон рӯй додааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки бар асари фурӯ рехтани тарма дар деҳаи Пошор як хона пурра ва як хона қисман хароб шудааст, вале хушбахтона, ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт.

Навоҳии Бадахшон инак чанд рӯз боз ба мавҷҳои пайдарпайи фурӯрезии тармаҳо рӯбарӯянд.

Аз ҷумла субҳи 17 марти соли 2022, соати 10:15 дар ҳудуди деҳаи Шодии ҷамоати ба номи К.Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар асари фаромадани тарма ду хонаи сокинони ин деҳа ва як бинои ёрирасон пурра хароб шуданд. Тарма ҳамчунин 100 метр роҳ ва тақрибан 350-400 метр хатти нирӯи барқро хароб кард. Хушбахтона, касе  бар асари ин офати табиӣ осеб надидааст.

Ҳамчунин рӯзи 17 март як тармаи дигар дар Бадахшон болои деҳаи Миденшори ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон  фурӯ рехт. Дар натиҷаи ин офат оғили як сокини Миденшор хароб шуда, се сар чорвои хурдаш нобуд шудаанд.

Барои муайян кардани ҳаҷми зарар ва рафъи оқибатҳои офати табиӣ комиссияҳои ноҳиявии ҳолатҳои фавқулодда алакай дастбакор шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button