ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

САРДОР БЕРДИМУҲАММАДОВ РАСМАН БА КУРСИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН НИШАСТ

Рӯзи 19 март дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон маросими адои савганди Сардор Бердимуҳаммадов ба унвони президенти нави ин кишвар баргузор шуд. Хабаргузории давлатии TDH гуфт, ин маросим дар Қасри Рӯҳиёт доир шудааст. Президенти ҳамакнун собиқи Туркманистон, падари президенти кунунӣ Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аз ин ба баъд  танҳо роҳбари Халқ Маслиҳати, парлумони ин кишвар хоҳад буд. Ӯ қаблан ҳам президент, ҳам раиси ҳукумат ва ҳам раиси парлумон буд.

Ба ин тартиб, бори аввал дар таърихи муосири Осиёи Марказӣ нақшаи деринтизори интиқоли қудрат аз падар ба писар дар Туркманистон сурат гирифт.

Хабаргузории давлатии TDH  навишт: “Ин рӯз дар таърихи Ватани мустақилу бетарафи мо ҳамчун як нуқтаи атф, ки баёнгари ногузир будани тағйироти демократии дар кишвари мо роҳандозишуда аст”. Ин хабаргузорӣ Туркманистонро кишвари дорои “анъанаҳои чандинасраи ҳукумати воқеии мардум” номида, афзудааст, “Сардор Бердимуҳаммадов рӯзи 12 март дар як интихоботи шаффофу алтернативӣ ва ҷавобгӯи қонунҳои милливу байналмилалӣ аксарияти овозҳоро ба даст оварда, пирӯз шуд”.

Комиссияи марказии интихоб пештар гуфт,  дар интихоботи пеш аз муҳлати президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадови 40-сола бо касби қариб 73%  овозҳо ғолиб омад.

Аз 8 рақиби ӯ овози аз ҳама бештар: 11,09 фоизро муовини ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Хидир Нуннаеви 44сола ба даст овард. Ҷои сеюм бо 7,22 фоизи овозҳо насиби муовини ҳокими вилояти Марв Оқоҷон Бекмуродов шуд. 6 номзади дигари сабтиномшуда аз 1 то 2 фоиз овоз гирифтанд. Вале аз пеш маълум буд, ки ин 8 номзад  танҳо ба хотири “алтернативӣ” ҷилва додани интихобот ва додани машрӯияти бештар ба пирӯзии номзади асосӣ сабти ном шудаанд.

Ба ин тартиб, Сардор Бердимуҳаммадов ба ҷои падараш барои 7 соли оянда президенти Туркманистон, ин кишвари саршор аз конҳои нафту гази Осиёи Марказӣ интихоб шуд.

Падари ӯ Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, ки аз соли 2007 роҳбари Туркманистон буд, бештар бо амалҳои аҷибу ғарибу худбинонааш, мисли пианинову гитар навохтану бо набераҳояш сурудҳои эҷодкардаи худашро хондан, машқи варзиш дар толори фитнесаш ваё ба сарбозони нирӯҳои вижа (спетсназ) ёд додани тирпарронию кордпартоӣ дар  зеҳнҳо нақш бастааст. Ҳанӯз рӯшан нест, ки оё писари ӯ Туркманистонро аз кадом роҳ пеш хоҳад бурд?

То кунун Озарбойҷон дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ нахустин ҷумҳурие буд, ки таҷрибаи интиқоли қудрат аз падар ба писарро ҳанӯз соли 2003 таҷриба карда буд. Президенти вақти ин кишвари саршор аз манобеи нафти Қафқози ҷанубӣ Ҳайдар Алиев, ки дар бистари марг қарор дошт, тавонист пеш аз даргузашти худ писараш Илҳом Алиевро ба ҷои худ президент кунад.

Сардор Бердимуҳаммадов 22 сентябри соли 1981 дар Ишқобод  дар хонаводаи Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, ки он вақт як духтури дандон буд, ба дунё омадааст. Ӯ ду хоҳар дорад: Гулҷаҳон ва Гулшан. 

Сардор Бердимуҳаммадов соли 2001 Донишгоҳи кишоварзии Туркманистонро бо ихтисоси муҳандис технолог ва баъдан Академияи дипломатии Маскавро хатм кардааст. Бердимуҳаммадови хурдӣ чандин сол дар Иттиҳодияи саноати хӯрокворӣ ва сипас дар сафорати Туркманистон дар Маскав  ва намояндагии кишвараш дар идораҳои Созмони Милал дар Женева кор карда, моҳи августи соли 2014 рисолаи номзадӣ ва алакай моҳи июни соли 2015 рисолаи докториашро ҳимоя карда, соҳиби унвони доктори илмҳои техникӣ шуд.

Ҷаҳиш дар карйераи писари президент соли 2016 бо таъйиноти ӯ ба мақоми раиси департаменти иттилоотии вазорати хориҷаи Туркманистон оғоз ёфта, Сардор Бердимуҳаммадов алакай 30 марти соли 2018 муовини вазири хориҷа, 1 январи соли 2019 муовини ҳоким ва 18 июни ҳамон сол алакай ҳокими вилояти Ахал таъйин шуд. 7 феврали соли 2020 писари президент вазири саноат ва 11 феврали соли 2021 муовини сарвазир таъйин шуд. Ва он ҳам дар ҳоле ки дар Туркманистон то ин дам мақоми муовини сарвазир ва ҳамчунин мақоми сарвазир вуҷуд надошт ва кобинаи вазиронро худи президент роҳбарӣ мекунад.

Сардор Бердимуҳаммадов соли 2001 издивоҷ кардааст. Зиндагии оилаи Бердимуҳаммадовро пушти пардаи асрор қарор дорад, вале бино ба иттилои манобеи гуногун, Сардор Бердимуҳаммадов ва ҳамсари ӯ Оғулгерек 4 фарзанд — як писар ва се духтар доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button