ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

МАҲДУДИЯТҲО ДАР РОҲИ ВУРУД БА МАРЗИ ТОҶИКИСТОН БАРДОШТА ШУДАНД

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) ва бо дарназардошти мӯътадил шудани вазъи эпидемиологӣ дар Тоҷикистон аз 15 марти соли 2022 маҳдудиятҳое, ки қаблан ҳангоми вуруд ва будубош ба Тоҷикистон амал мекарданд, аз байн бурда шудаанд.

Аз ҷумла, фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ба реҷаи муқаррарӣ мегузарад. Назорати бемории сироятии коронавирус танҳо бо пешниҳоди гувоҳнома оид ба ваксинатсияи пурра бар зидди бемории COVID-19 бидуни гузаштан аз озмоиши вирусологӣ нисбат ба сирояти коронавирус дар ҳудуди Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Гувоҳнома оид ба ваксинатсия бар зидди COVID-19, ки аз ҷониби мақомот ва муассисаҳои тандурустии ҷониби Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди давлатҳои мустақил (СНГ) ба шаҳрвандон пас аз гузаштани ваксинатсия пешниҳод карда мешавад, расман шинохта мешавад.

Инчунин, меафзояд вазорати хориҷа, ҳангоми ба ҳудуди Тоҷикистон ворид шудан шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати пешниҳоди маълумотнома бо натиҷаи “манфӣ”-и озмоиши вирусологии кишвари хориҷшуда нисбат ба COVID-19, ки ба муҳлати то 72 соат эътибор дорад, аз гузаштани озмоиши такрорӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатии Тоҷикистон озод карда мешаванд.

Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ реҷаи ҳатмии истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ низ аз 15 март бекор карда шуд.

Бардоштани маҳдудиятҳои марбут ба пандемия дар ҳолест, ки аз миёнаи моҳи феврал ба ин тараф вазорати тандурустии Тоҷикистон ягон мавриди нави гирифтории шаҳрвандон ба коронавирусро тасдиқ накардаанд. Аз оғози пандемия ин вазорат 17 388 ҳолати гирифтории шаҳрвандон ба коронавирусро тасдиқ карда, мегӯяд, 13 264 нафари онҳо шифо ёфта, вале 124 нафари дигар, мутаассифона, қурбони ин беморӣ шудаанд.

Мунтақидон мегӯянд, шумори воқеии гирифторшудагон ва қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон хеле бештар аз ин омори вазорати тандурустист. Вале ҳам сокинон ва ҳам табибон эътироф мекунанд, ки вақтҳои охир пандемия дар Тоҷикистон хеле коҳиш ёфта, хеле вақт боз дар бораи марги сокинон аз коронавирус хабаре дигар ба гӯш намерасад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button