ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК ЧӮПОН 90 САР ЧОРВОИ СОКИНИ ВАҲДАТРО АЗ ХУД КАРДААСТ

Як чӯпони 35-сола аз Ваҳдат ба тасарруфи 90 сар чорвои хурди сокини дигари ин шаҳр гумонбар шуда, сокини 27-солаи Душанбе ба он айбдор мешавад, ки ба маблағи 304 ҳазор сомонӣ пули витамину протеинҳои варзиширо ба сокини 50-солаи пойтахт намедиҳад.

ххххххххххххххххххх

Сокини 28-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 10 март аз хонаи як сокини 31-солаи сокини пойтахт 6 тирезаи пластикиро дуздидааст.

ххххххххххххххххххх

Лоҳутӣ Шоҳназаров раиси Шӯрои ҷамъиятии РВКД вилояти Хатлон, Асалмо Сафарзода муовин, Шаҳриёр Баротов роҳбари гурӯҳи корӣ ва Ҳайдаршо Азимов раиси комиссияи одоби Шӯро интихоб шудаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 19 марти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор гардидани 2 ҳолати қаллобӣ

baran

Ба ШВКД дар шаҳри Вахдат бо ариза марди 36-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки соли 2019 марди 35-солаи сокини ҳамин шаҳр бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 46-сар чорвои майдаи шохдорро барои нигоҳубин гирифта, онҳоро то моҳи сентябри соли 2021 нигоҳубин намуда, ба 136-сар расонидааст. Баъдан ба соҳибаш 46-сар чорвои майда шохдорро дода, 90-сар чорвоҳои боқимондаро ғайриқонунӣ тасарруф намудааст.
Зарари расонидашуда 150 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон бо ариза ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 50-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2021 ҷавони 27-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ маҳсулоти хӯрокаи варзишӣ (витамин ва протеинҳо)-ро гирифта ваъда додааст, ки дар муддати кӯтох маблағашро бармегардонад, аммо номбурда 96 ҳазор сомониашро баргардонида, боқимонда 304 ҳазор сомониро то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳолатҳо тафтишот идома дорад.

Даст ба дуздӣ задани ҷавони 28-сола

004

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 31-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 10-уми марти соли 2022, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 6-адад тирезаҳои пластикиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 28-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Ҷаласаи интихобии Раиси Шӯрои ҷамъиятии РВКД дар вилояти Хатлон

 viber_2022-03-18_17-28-35-902

Рӯзи 18-уми марти соли 2022 дар Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ҷаласаи интихобии Раиси Шӯрои ҷамъиятии назди Раёсати мазкур баргузор гашт.

Дар чорабинӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон Ҳамдам, намояндаи САҲА дар шахри Душанбе ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат доштанд.
Аз ҷониби аъзоёни Шӯро Лоҳутӣ Шоҳназаровро раиси Шӯро, Асалмо Сафарзода муовин, Шаҳриёр Баротов роҳбари гурӯҳи корӣ ва Ҳайдаршо Азимов раиси комиссияи одоби Шӯро интихоб гардиданд.
Ҳамдамзода Валихон зимни суханронӣ иброз дошт, ки минбаъд баҳри дар амал татбиқ гардидани нақшаи чорабиниҳои Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 ва муайяну мушаххас намудани фаъолияти Шӯро дар вилояти Хатлон тадбир андешанд.
Тавре, ки зикр гардид Шӯрои ҷамъиятии назди Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон давоми кор фаъол буда, ба милитсия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкории зич доранд.
Зикр гардид, ки ҳадафи асосии ҳамаи мо, ҳифз намудани ободиву осоиштагии ин сарзамин аст. Вазифаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ пеш аз ҳама мусоидат намудан ба мақомоти корҳои дохилӣ дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад.
Офоқ Қодириён, подполковники милитсия

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button