ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БО НАРХИ 30% АРЗОНТАР АЗ БОЗОР: ТАШКИЛИ ЯРМАРКАИ НАВРӮЗӢ БАРОИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ (3 АКС)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки бо ташаббуси роҳбарияти ин вазорат дар арафаи иди Наврӯз дар шафати бинои ВКД ярмаркаи фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ барои кормандонии милитсия баргузор карда шуд. Дар хабар гуфта мешавад, ки ин ярмарка “бо мақсади ҳифзи иҷтимоии ҳайъати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ” доир карда шуда, дар он маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили гӯшт, картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, тухм, орд, равған, моҳӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал  бо нархҳои арзонтар пешкаши харидорон карда шуд. “Тамоми ин маҳсулоти хӯрока аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳод гардида, нисбат ба бозору марказҳои савдо нархи онҳо 30 фоиз арзонтар ба фурӯш гузошта шуда буд”, гуфта мешавад дар иттилоияи ВКД.

Дар хабар гуфта мешавад, ки кормандони милитсия ба роҳбарияти вазорат барои чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ изҳори сипос карда, гуфтаанд, “баргузории ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ барои ғанӣ гардонидани дастархони идонаи кормандони милитсия мусоидат менамояд”.

Ташкили ин ярмарка дар ҳолест, ки рӯзҳои охир дар пайи боло рафтани қурби доллару евро нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозорҳои Тоҷикистон ба шиддат боло рафтааст. Бисёриҳо ташаббуси роҳбарияти ВКД-ро намунаи ибрат барои роҳбарони дигар идораҳову муассисаҳо меноманд ва мегӯянд, эй кош, дар ҷои кори онҳо низ чунин ярмарка ташкил мешуд.

Ярмарка бахшида ба ҷашни «Наврӯзи байналмилалӣ»

4O6A0302

Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бозорҳои калонтарини пойтахт бо мақсади таъмини фаровонии маҳсулот дар бозорҳои истеъмолии шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар арафаи ҷашни «Наврӯзи байналмилалӣ» доир мегардад.
Дар ин раванд, рӯзи 19 марти соли 2022 бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва бо мақсади ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар шафати Вазорат ярмаркаи маҳсулоти хӯрока барои кормандони милитсия доир гардид.
Дар ин ярмарка маҳсулоти ғизоӣ аз қабили гушт, картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, тухм, орд, равған, моҳӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал пешкаши харидорон карда шуд.

4O6A0315

Тамоми ин маҳсулоти хӯрока аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳод гардида, нисбат ба бозору марказҳои савдо нархи онҳо 30 фоиз арзонтар ба фурӯш гузошта шуда буд.
Мавриди қайд аст, ки ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ аз чунин ғамхорию таваҷҷӯҳи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд карданд, ки баргузории ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ барои ғанӣ гардонидани дастархони идонаи кормандони милитсия мусоидат менамояд.

4O6A0318


Гул Маҳбуба, подполковники милитсия

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button