ВидеоРӯйдодҳои БадахшонФарҳанг

4 ОВОЗХОН БО 4 САБК ДАР 1 ТАРОНА АЗ 4 ГӮШАИ ТОҶИКИСТОН ВАСФ МЕКУНАНД (ВИДЕО)

4 овозхони шинохтаи тоҷик: Мадина Ақназарова, Нигора Холова, Нигина Амонқулова ва Моҳира Тоҳирӣ як таронаи муштаракро бо номи “Ҳамбастагӣ” дар 4 сабки минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон иҷро карда, ҳар кадом васфи яке аз ин минтақаҳоро кардаанд.

Таронаи “Ҳамбастагӣ” тарҳи ширкати продюсерии Qiam Entertainment буда, рӯзи 18 март дар канали ин ширкат дар Ютуб ба намоиш даромад. Дар байни чанд соати аввал ин таронаро алакай 50 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Qiam Entertainment як ширкати маъруфи продюсерист, ки асосан таронаҳои овозхонҳои матраҳи Афғонистону Тоҷикистонро нашру таблиғ мекунад.

Дар таронаи “Ҳамбастагӣ” Мадина Ақназарова бо сабки бадахшонӣ ва дар гӯшаҳои зебори кӯҳистони Помир шеъреро бо радифи базеб дар бораи зебоиҳои Бадахшон иҷро мекунад:

Аз Бадахшонам ҳавои барфу боронам базеб,

Рӯди Панҷу чашмаҳои кӯҳсоронам базеб.

Нигора Холова бошад бо сабки хоси Кӯлоб тамошобинонро ба тамошои гӯшаҳои зебори ҷануби Тоҷикистон мебарад:

Фасли гулҳои баҳор, Наврӯзи Хатлонам хуш аст,

Даштҳои лолапӯшу боғу бӯстонам хуш аст.

Аммо Нигина Амонқулова дар ин тарона маконҳои дидании вилояти Суғдро васф мекунад:

Як назар сайру тамошо шаҳри Хуҷандам биё,

Дидани Айнию Зарафшони дилбандам биё.

Аммо бо Моҳира Тоҳирӣ тамошобинон ба сайри водии Рашт мераванд:

Ман гули хушбӯи Ғармам, ассалом овардаам,

Ин паём аз мардуми ширинкалом овардаам.

Дар поёни тарона ҳар чор овозхон дар маркази Душанбе гирди ҳам омада, аз Тоҷикистон дар умум ситоиш мекунанд.

 Оҳанги ин таронаро Даврон Раҳматзод ва матнашро Яъқуб навиштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button