ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

ТАРМА ДУ ХОНАРО ДАР РОШТҚАЛЪА ВАЙРОНУ СЕ САР ЧОРВОРО ДАР ШУҒНОН НОБУД КАРД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 18 март хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ чанд ҳолати фаромадани тарма, сангрезиву ярч ва обхезиҳо сабт шудааст.

Аз ҷумла субҳи 17 марти соли 2022, соати 10:15 дар ҳудуди деҳаи Шодии ҷамоати ба номи К.Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар асари фаромадани тарма ду хонаи сокинони ин деҳа ва як бинои ёрирасон пурра хароб шудаанд. Тарма ҳамчунин 100 метр роҳ ва тақрибан 350-400 метр хатти нирӯи барқро хароб кард. Хушбахтона, касе  бар асари ин офати табиӣ осеб надидааст.

Ҳамчунин рӯзи 17 март як тармаи дигар дар Бадахшон болои деҳаи Миденшори ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон  фурӯ рехт. Дар натиҷаи ин офат оғили як сокини Миденшор хароб шуда, се сар чорвои хурдаш нобуд шудаанд.

Барои муайян кардани ҳаҷми зарар ва рафъи оқибатҳои офати табиӣ комиссияҳои ноҳиявии ҳолатҳои фавқулодда алакай дастбакор шудаанд.

 Наздики соати дуи шаби 18 март,  дар километри 423-юми роҳи Кӯлоб – Шоҳин-Дарвоз дар наздикии деҳаи Поршхари ҷамоати Вишхарви ноҳияи Дарвоз санг рехта, роҳро бастааст. Хушбахтона, касе дар ин ҳодиса низ осеб надидааст. Субҳи 18 март роҳҳои Кӯлоб – Қалъаи Хумб, Қалъаи Хумб – Ванҷ-Хоруғ ва Ванҷ- Рӯшон ҳанӯз муваққатан баста буд.

Ҳамин тавр, субҳи барвақти 18 март, тақрибан соати 05:30, дар километр 266-уми роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ дар мавзеи Яхчикӯли ноҳияи Ш.Шоҳини вилояти Хатлон як ярчи дарозиаш 30-35 метр ба болои роҳ фурӯ рехта, роҳро муваққтан масдуд кард. Рафъи оқибатҳои ин офат идома дорад.

Рӯзи гузашта ҳамчунин дар ҷамоатҳои Ёрӣ ва Миндона дар канори Панҷакент сел омада, пули байни ин ду ҷамоатро вайрон кардааст. Ҳоло тармими ин пул идома дорад.

Бино ба пешбинии ҳавошиносон, то 20 март ҳаво дар Тоҷикистон пурбориш боқӣ мемонад ва дар ин рӯзҳо хатари селу обхезӣ, тарма ва ярчу сангрезӣ хеле зиёд гуфта мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки дар чунин рӯзҳое, ки хавфу хатари тармаву селу обхезӣ вуҷуд дорад, аз сафарҳои бидуни зарурат, ба хусус ба минтақаҳои кӯҳистон худдорӣ намоянд. Рафтан ба ғунучини ҳезум, ҷамъоварии рустаниҳои дорувор, моҳидорӣ ва шикор низ дар ин рӯзҳо маслиҳат дода намешавад.

Дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулода шумо метавонед бо телефонҳои  93 880 28 19221-91-19, 223-13-11 тамос гиред ва кумак хоҳед.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button