ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ПУЛИ ХОНАРО АЗ ЯК КАС ГИРИФТУ ХОНАРО БА ДИГАР КАС ФУРӮХТ: БОЗДОШТИ ЯК ҚАЛЛОБ ДАР ТУРСУНЗОДА

Сокини 35-солаи шаҳри Турсунзода ба он гумонбар мешавад, ки моҳи январи соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 23-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ 212 ҳазору 625-сомониро гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз бинои навсохтмонии ҶДММ “Хайрсохтмон” хонаи дуҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо маблағҳоро ба ҶДММ-и мазкур супорида, хонаи истиқоматиро ба дигар шаҳрванд фурӯхтааст.
ххххххххххххххххххх

Як  ноболиғи 15-сола дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба он гумонбар мешавад, ки субҳи 5 март аз дохили мошини тамғаи «Опел-Астра», ки дар таваққуфгоҳи назди бозори марказии ноҳия меистод, як телефони мобили тамғаи «Айфон-7»-ро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 18 марти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди қаллоб аз ҷониби кормандони милитсия

035

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Турсунзода марди 35-солаи сокини шаҳри мазкур бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи январи соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 23-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ 212 ҳазору 625-сомониро гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз бинои навсохтмонии ҶДММ “Хайрсохтмон” хонаи дуҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо маблағҳоро ба ҶДММ-и мазкур супорида, хонаи истиқоматиро ба дигар шаҳрванд фурӯхтааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани ноболиғи 15-сола бо ҷурми дуздӣ

009

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо ариза марди 28-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки 5-уми марти соли 2022, тахминан соати 08:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел-Астра», ки дар таваққуфгоҳи назди бозори марказии ноҳия меистод, 1-адад телефони мобили тамғаи «Айфон-7»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 15-солаи сокини ноҳияи зикргардида ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбати ноболиғ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2, бандҳои “а”, “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button