ВидеоҶомеа

ЯК МАРЗБОНРО БАЪДИ 15 СОЛ ЁФТА, БАРОИ ОДАМКУШӢ МАҲКУМ БА ЗИНДОН КАРДАНД

Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 17 феврали соли 2022 собиқ сарбози қатории қисми ҳарбии 0215 Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар вилояти Суғд Суяров Сироҷиддин Узоқовичро бар асоси моддаи 104, қисми 2, банди “к” Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ дар одамкушӣ аз ҳиссиёти авбошӣ гунаҳкор шинохта, ба 22 соли зиндони ниҳомаш сахт маҳкум кард. Додгоҳ билофосила бар асоси қонуни афви соли 2011 ду сол аз ҳукми зиндони Суяровро кӯтоҳ кард ва ба ин тартиб, ӯ бояд 20 солро пушти панҷара ба сар барад.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи ин парванда гуфт: “Суяров Сироҷиддин Узоқович 20 августи соли 2006, тахминан соати 23:00, дар ҷойи истиқоматаш – деҳаи Чилчанори ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент аз ҳиссиёти авбошӣ бо санг ба сару рӯйи шаҳрванд Норбоев X. 3. якчанд маротиба зарба зада, ӯро қасдан ба ҳалокат расонидааст. Баъди содир кардани ҷиноят худи ҳамон шаб ғайриқонунӣ аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон гуашта, сипас ба Ҷумҳурии Қазоқистон рафта, то вақти дастгир шуданаш дар он ҷой пинҳон шудааст”.

  Соли гузашта Сироҷиддин Суяров билохира аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон дастгир гардида, 30 сентябри соли 2021 ба Тоҷикистон истирдод карда шуд. Тафтиши парвандаи ӯро Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон анҷом дод, чунки Суяров ҳангоми содир кардани ҷинояти одамкушӣ ҳанӯз дар хидмати ҳарбӣ  қарор дошт.

Сабаби бо чунин шеваи бераҳмона куштани ҳамдеҳааш аз ҷониби Суяров додситонӣ чизе намегӯяд. Назари худи маҳкумшуда ваё наздикону адвокаташ дастрас нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button