ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

ХЕШИ НАЗДИКИ ЯКЕ АЗ ҚУРБОНИЁНИ ЭЪТИРОЗҲОИ ХОРУҒ ДАР ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ ҒАЙБ ЗАД

 Тӯтиё Амиршоев, сокини 31-солаи деҳаи Риҷисти ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 5 март дар фурудгоҳи Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба таври мармуз ғайб задааст ва хешовандонаш инак 12 рӯз боз дар куҷо будани ӯро маълум карда наметавонанд. Дар ин бора дар Фейсбук журналисти тоҷик Anora Sarkorova хабар дод. Бино ба иттилои ғайрирасмие, ки ӯ ба даст овардааст, Тутиё Амиршоеваро мақомоти амниятӣ дастгир кардаанд, вале сабаби боздошташ маълум нест. Тӯтиё Амиршоев хеши наздики Тӯтишо Амиршоев, сокини 23 –солаи ноҳияи Роштқалъа аст, ки моҳи ноябр дар ҷараёни эътирозҳои Хоруғ кушта шуд.

Бино ба иттилои Анора Саркорова, наздикони Тӯтиё Амиршоев инак қариб ду ҳафта боз наметавонанд дар бораи сарнавишти ӯ маълумоте пайдо кунанд. Дӯстонаш барои кумак дар ҷустуҷӯи вай ҳатто ба ВКД муроҷиат кардаанд. Вале, менависад Анора Саркорова, иттилои ғайрирасмии расида ҳокӣ аз он аст, ки Тӯтиё Амиршоевро кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дастгир кардаанд ва ӯ ҳоло дар боздоштгоҳи КДАМ қарор дорад. Дар бораи ин ки ин ҷавон ба чӣ муттаҳам мешавад, маълумоте дастрас нест.

Мақомоти расмӣ хабарҳо дар бораи боздошти Тӯтиё Амиршоевро то ҳол шарҳ надодаанд.

Гуфта мешавад, Тӯтиё Амиршоев чанд сол боз дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошт ва дар эътирозҳои рӯзҳои 25-28 ноябри соли 2021 дар Хоруғ иштирок надошт. Ӯ аз Маскав рӯзи 29 ноябр, баъди ба поён расидани эътирозҳо ҳамроҳи холааш Қамчигул Амиршоева, модари Тӯтишо Амиршоев ба хотири иштирок дар маросими дафни ӯ баргашта буд.

Рӯзи 5 марти соли 2022 Тӯтиё мехост ба Маскав баргардад.

 “Хешовандонаш ӯро то фурудгоҳ гусел карданд. Бори охир Тӯтиё ҳангоми гузаштан аз хатти назорати гумрукӣ ба хешовандонаш занг зада, тавонистааст ҳамин қадар хабар диҳад, ки ӯро баъди тафтиши иловагӣ дастгир кардаанд. Ва ӯ бо ҳамин ғайб задааст. Кӯшишиҳои баъдӣ барои тамос бо вай натиҷа надодаанд. Телефони мобили Тӯтиё хомӯш карда шуда буд”, – хабар медиҳад Анора Саркорова.

Эътирозҳои густарда дар Хоруғ 25 ноябри соли 2021 дар пайи дар боздошт кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков – сокини 29-солаи деҳаи Тавдеми ноҳияи  Роштқалъа оғоз ёфт ва 4 рӯз давом кард. Ҳангоми кӯшиши бо зӯр пароканда кардани эътирозҳо боз ду нафар: Тӯтишо Амиршоеви 23-сола ва сокини ҷавони Хоруғ Гулназар Муродбеков кушта шуданд. Эътирозгарон шоми 28 ноябр, фақат баъди аз мақомот гирифтани ваъдаи хаттии ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони марги ин се сокини Бадахшон пароканда шуданд. Вале бо гузашти инак қариб 4 моҳ то ҳол ягон нафар бо гумони даст доштан дар қатли Зиёбеков, Амиршоев ва Муродбеков дастгир нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button