ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ДАР ҚАЗОҚИСТОН БОЗДОШТИ ХЕШОВАНДОНИ НАЗАРБОЕВ ШУРӮЪ ШУДААСТ

Дар Қазоқистон дар ҳафтаи ҷорӣ боздошти нахустин хешовандони раисиҷумҳури собиқ Нурсултон Назарбоев оғоз ёфт. Аввалин шуда, рӯзи 13 март, ҳангоми қасди тарки кишвар дар фурудгоҳи АлмаАто ҷияни дар гузашта пурнуфузи Назарбоев Ғайрат Сотиболдиро дастгир карданд. Агентии назорати молиявии Қазоқистон гуфт, Ғайрат Сотиболдӣ дар ҷиноятҳои иқтисодӣ айбдор мешавад, вале даст доштани ӯ дар ҷиноятҳои зидди амнияти давлат низ таҳти тафтиш қарор дорад.

Ба дунболи Ғайрт Сотиболдӣ ҳамсари ӯ Гулмираро низ бо иттиҳом ғасби тиҷоратҳои дигарон (рейдерский захват) ба ҳабс гирифтанд.

Ва рӯзи 15 март мақомот Ғайрат Бӯронбоев, яке аз афроди сарватмандтарини Қазоқистон ва қудои Дориға, духтари калонии Назарбоевро низ ба ҳабс гирифтанд.

Мавҷи боздоштҳои хешовандони Назарбоев баъди мавҷи аз мақомҳои баланд рондани наздикони президенти собиқ дар пайи эътирозҳои хунини моҳи январ аст. Бо истифода аз он ҳаводис президенти кунунӣ ҚосимЖомарт Тоқаев тавонист билохира Назарбоевро аз арши сиёсӣ ба ҳошия танг карда, худро аз сояи ӯ дар болои сараш халос кунад.

Ғайрат Сотиболдии 51-сола, генерали собиқи Кумитаи амнияти миллӣ, ки бо ғасби тиҷоратҳои дигарон ном бароварда буд, аввалин нафар аз хешовандони Назарбоев буд, ки ба даст афтод. Ӯро дар фурудгоҳи АлмаАто вақте дастгир карданд, ки мехост ба Дубай парвоз кунад. Рӯзи 16 март ҳамсари ӯ Гулмира Сотиболди ҳам бо иттиҳоми ғасби тиҷорати дигарон дастгир шуд.

Журналисти рус Аркадий Дубнов  менависад,  ҳабси Ғайрат Сотиболдӣ ҳодисаи андак нест, чунки ӯ ва бародараш Самит Абиш баъди ҳалокати падарашон, додари хурдии Назарбоев, дар хонаи амаки худ ба воя расиданд ва Нурсултон Назарбоев, ки танҳо се духтар дошту писар не, ин ду ҷиянашро писарони худ меномид. Онҳо солҳои тӯлонӣ дар сохторҳои амният кор карданд ва Самат Абиш то ҳодисаҳои моҳи январ муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ буд ва ҳамчун чашму гӯши амакаш аз номи Назарбоев фаъолияти КАМ ва дигар сохторҳои қудративу амниятии ҳукуматро назорат мекард.

Агентии мониторинги молиявӣ мегӯяд, Ғайрат Сотиболдӣ ба сӯиистифода аз мақом ва аз худ кардани маблағҳои хеле бузурги ширкати “Қазоқтелеком”  айбдор мешавад, вале “ӯ ҳамчунин бо гумони даст доштан дар ҷиноятҳои дигар, ки амнияти давлатро ба ҳам мезаданд, низ мавриди бозҷӯӣ қарор дорад”.

Аркадий Дубнов мегӯяд, дар Қазоқистон касе шубҳа надорад, ки  сабаби аслии ҳабси Ғайрат Сотиболдӣ нақши мудҳиши ӯ дар эътирозҳои хунини моҳи январ аст.

“Генерали мустаъфӣ ҳамчун ҳомии салафиҳо ном бароварда буд. Ӯ ҳамчун раҳбари Иттиҳодияи варзишшои миллии Қазоқистон дар саффи он чандин ҳазор пайравони  равияи тундгарои Салафияро зери тарбия гирифта, тайёр карда буд. Маҳз онҳо, ба гуфтаи манобеи фаровон дар Қазоқистон, аз ҷумла манобеи наздик ба роҳбарияти ин кишвар, қувваи асосии бетартибиҳову беназмиҳо дар АлмаАто шуданд. То кунун ақидае буд, ки бар асоси тавофуқи байни Тоқаев ва оилаи Назарбоев дар ивази аз мансабҳои давлатӣ рафтани одамони Назарбоев амнияти онҳо кафолат дода мешавад. Вале ҳабси генерали  то чанд моҳи пеш пурнуфузе, ки президенти қаблӣ ӯро писари худ меномид, бино ба як фарзияе, ки дар байни элитаҳои Қазоқистон мечархад, метавонад баёнгари он бошад, ки аъзои оилаи Назарбоев шояд боз ягон уҳдадории худро поймол кардаанд, – менависад Дубнов.

Ҳамин тавр, Агентии мониторинги молиявии Қазоқистон рӯзи 17 март, ду рӯз баъди пайдо шудани хабараш, боздошти Ғайрат Бӯронбоев, қудои Дориға, духтари калонии Назарбоевро тасдиқ кард.

Дар иттилоияи расмӣ гуфта мешавад, ки Бӯронбоев бо иттиҳоми “дуздии маблағҳои бузург аз сохторҳои ба ном давлатӣ” ба ҳабс гирифта шудааст.

Духтари ӯ Олима соли 2013 бо Ойсултон Назарбоев, писари дуюми Дориға издивоҷ кард. Ойсултон соли 2020 дар Лондон ба иллати истеъмоли маводи мухаддир (кокаин) вафот кард.

Бӯронбоев аз афроди бойтарини Қазоқистон ба шумор рафта, франчайзи McDonald’s, даҳҳо ширкату корхонаи бузург ва ҳамчунин корхонаи дорусозии Қарағандаро, ки ваксинаҳои русии “Спутник”  барои ваксинзании сокинони Қазоқистон дар ҳамин ҷо тавлид карда мешаванд, ба ӯ тааллуқ доранд.

Назарбоев, ки имсол ба синни 82 мерасад, соли 2019 аз президентӣ рафт, вале тавассути одамонаш ҳамчунон аз паси парда кишварро раҳбарӣ мекард. Вале баъди эътирозҳои моҳи январ, ки беш аз 200 кушта ба ҷо гузошт, Тоқаев одамони Назарбоев, аз ҷумла хешу табори ӯро аз мансабҳои калидӣ дур андохт.

Ҳарсе домоди Назарбоев: Ғайрат Шарипбоев, Димаш Досанов ва Тимур Қулибоев дар миёнаи моҳи январ аз раҳбарии ширкатҳои бузурги “Қазоқгаз” ва “Қазтрансойл” ва аз раҳбарии Палатаи миллии соҳибкорон “Отамакон” истеъфо доданд. Баробари онҳо Самит Абиш низ аз мақоми муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ ба истеъфо фиристода шуд.

Дориға Назарбоева, духтари калонии президент, ки як вақт вориси эҳтимолии курсии падараш шумурда мешуд, курсии вакили Маҷлисро супурд ва аз сиёсат канор рафт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button