ВидеоИқтисод

ШИРКАТИ РОҲИ ОҲАНИ КОРЕЯ ДАР ДУШАНБЕ МЕТРО МЕСОЗАД

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар сомонаи расмиаш хабар дод, ки санаи 14 марти соли 2022 дар ин вазорат маросими имзои ёддошти тафоҳум байни вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати миллии роҳи оҳани Корея оид ба сохтмони метро дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ёддошти тафоҳумро вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва аз ҷониби ширкати Роҳи оҳани миллии Корея, Раис – директори иҷроияи Роҳи оҳани миллии Корея, ҷаноби Ким Ҳангёнг ба имзо расонидаанд.

Вазири нақлиёт  дар ин маросим гуфт, “имзои ин тафоҳумнома заминаи ҳуқуқиро барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд фароҳам оварда, имкон медиҳад, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи ниҳодҳоямонро қавӣ намоем ва бо ин васила имконияти ҷалби ширкати Роҳи оҳани миллии Корея барои татбиқи дигар лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи нақлиётро, ки аҳамияти минтақавӣ доранд васеъ созем”.

Бунёди метро дар Душанбе яке аз ваъдаҳои пешазинтихоботии номзад ба президентӣ Абдуҳалим Ғаффоров дар интихоботи президентии соли 2020 буд. “Чун аҳолии пойтахт аз як миллион нафар убур кардааст,бояд дар Душанбе метро сохта шавад. Мувофиқи релефи шаҳр он метавонад дар баъзе ҷойҳо метрои рӯизаминӣ ҳам бошад”, гуфта буд Ғаффоров.

М ақомоти шаҳри Душанбе ба дунбол гуфтанд, ки бунёди метро, асосан метрои рӯизаминӣ дар Нақшаи генералии рушди пойтахти Тоҷикистон дарҷ шудааст.

Тибқи ин нақша, бояд сохтмони метро аз соли 2025 сар шуда, аввалин хаташ соли 2040 ба кор дарояд. Интизор меравад, ки хатти якуми метрои Душанбе аз рӯи замин аз назди дарвозаи ҷанубии пойтахт (роҳи тарафи вилояти Хатлон, мавзеи “Автосентр”) то ба маҳаллаи Гулистон (Сирк) кашида шавад. Мақомоти Душанбе гуфтанд, ки дар сурати зарурат, дар оянда ба сохтани роҳи зеризаминии метро низ иқдом хоҳанд кард.

То имрӯз дар Осиёи Марказӣ танҳо дар ду шаҳри бузургтаринаш: Тошканд ва АлмаАто хатти метро сохта шудааст. Масъалаи бунёди метро дар ҳамаи пойтахтҳои дигари минтақа (Бишкек, Душанбе, НурСултон ва Ишқобод) низ дар сатҳи баррасӣ қарор дорад, вале то кунун ҳеҷ кадоми онҳо дар ин самт иқдоми мушаххасе накардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button