ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

САФОРАТИ АМРИКО АЗ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН ХОСТ, ИНТЕРНЕТРО ДАР ВМКБ БАРҚАРОР КУНАД

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 16 март бо нашри як баёнияи вижа аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки ба озодии иттилоот эҳтиром бигузорад ва дастрасии комили сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба Интернетро барқарор кунад.

Сокинони Бадахшон аз поёни моҳи ноябр ба ин тараф ба Интернет дастрасӣ надоранд.

Сафорати Амрико дар баёнияаш, ки дар саҳифаи сафорат дар Фейсбук нашр шуд, навишт: “16-уми март дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба унвони Рӯзи озодии иттилоот ҷашн гирифта мешавад. Бар асоси Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, ки тавассути кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст: «Ҳар як инсон ҳуқуқи озодии ақида ва баён дорад. Ин ҳуқуқ шомили озодии доштани ақида, бидуни дахолат, ҷустуҷӯ, дарёфту интишори иттилооту ақида аз тариқи расонаҳо, сарфи назар аз марзҳо аст.» Сафорати Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон аз маҳдуд кардани интернет дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нигарон аст, зеро ин амал имкони дастрасии сокинони вилоятро ба иттилоот, пешбурди тиҷорат ва озодии баён таҳти таъсир қарор додааст. Мо аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунем, ки ба ин озодии бунёдӣ эҳтиром бигузорад ва дастрасии комили мардуми ВМКБ ба интернетро барқарор кунад.”

Мақомоти Тоҷикистон ба ин изҳороти сафорати Амрико ҳанӯз вокунише накардаанд.

Ҳафтаи гузашта Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милал низ аз мақомоти Тоҷикистон барои “таҷрибаи давомдори саркӯби дигарандешони сиёсӣ” дар кишвар ва ҳамчунин барои “эҷоди фазои тарс” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интиқод кард.

Мишел Бачелет, Комиссари олии Созмони Милал дар масъалаи ҳуқуқи инсон, рӯзи 7 март дар иҷлосияи 49-уми Шӯрои ҳуқуқи инсон дар мавриди вазъи Бадахшон гуфт: “Хушунатҳо байни нирӯҳои амниятӣ ва тазоҳургарон дар моҳи ноябри соли 2021 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазъи ҳуқуқи инсонро дар ин минтақа боз ҳам бадтар карда, як фазои тарсу таъқибро ба вуҷуд овардааст. Ман аз идомаи қатъи дастрасӣ ба Интернет дар ин вилоят изҳори таассуф мекунам. Ин ба таври ошкор поймол кардани ҳуқуқи инсон аст”.

Вазъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи ноябри соли 2021 дар пайи дар боздошт ба таври мармуз кушта шудани сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков бад шуд. Сокинони вилоят бо талаби ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони марги Зиёбеков 4 рӯз эътироз карда, танҳо баъди гирифтани ваъдаи мақомот ба таҳқиқи ин қазия ва барқарор кардани дастрасӣ ба Интернет пароканда шуданд. Тибқи ваъда мақомот мебоист дастрасӣ ба Интернетро дар зарфи 2 рӯз, яъне то 30 ноябр пурра барқарор мекарданд. Аммо бо гузашти инак сеюним моҳ то ҳол ягон нафар барои даст доштан дар марги Гулбиддин Зиёбеков дастгир нашудааст ва дастрасӣ ба Интернет ҳам дар Бадахшон то ҳанӯз барқарор карда нашудааст.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон баъди чанд моҳ шарҳ дода буд, ки гӯё дастрасӣ ба Интернтеро дар Бадахшон “ба сабабҳои амниятӣ” то ба ҳадди 2Г маҳдуд кардаанд.

Аммо Мишел Бачелет дар суханрониаш бо изҳори таассуф аз идомаи қатъи Интернет дар Бадахшон инро “ба таври ошкор поймол кардани ҳуқуқи инсон” номид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button