ВидеоСиёсат

РУХШОНАИ ЭМОМАЛӢ КУРТАИ ЧАКАН ДАР ТАН ХУДРО БА МАЛИКА ЕЛИЗАВЕТА МУАРРИФӢ КАРД

 15 марти соли 2022 сафаири Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Рухшона Эмомалӣ эътимодномаи худро ба Маликаи Британия Елизаветаи II супорид. Ин маросим ба далели дар поёни моҳи феврал ба коронавирус сироят шудани маликаи 96-солаи Британия ба сурати онлайн доир шудааст. Дар акси нашркардаи вазорати хориҷаи Тоҷикистон  дида мешавад, ки Рухшонаи Эмомалӣ куртаи чакани тоҷикӣ дар тан худро ба малика Елизаветаи дуюм муаррифӣ мекунад. Дар акс ҳамчунин шавҳари Рухшонаи Эмомалӣ Шамсулло Соҳибов низ дида мешавад, ки дар ин маросим дар канори ҳамсараш ҳузур дорад.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар иттилоияи расмиаш гуфт: “Сафири Тоҷикистон таманниёти неки Президент Эмомалӣ Раҳмонро ба Улёҳазрат Елизаветаи II ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ байни ду кишвари дӯст ва 70-умин солгарди ба тахт нишастани Малика расонид. Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир ва дурнамои рушди он табодули афкор намуданд.”

Қасри Виндзор, қароргоҳи малика низ хабар дод, ки ӯ рӯзи 15 март  бо як теъдод аз сафирони хориҷӣ ба таври онлайн мулоқот кардааст.

Рухшона Эмомалӣ –  духтари чорум аз 7 духтари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамсари молики ширкати бузурги “Фароз” ва даҳҳо ширкату корхонаи ба он марбут Шамсулло Соҳибов мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 декабр Рухшонаи Эмомалиро сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи шимолӣ таъйин кард. Рухшонаи Эмомалӣ дар ин мақом Масуд Халифазодаро, ки “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифа озод карда шуд, иваз кард.

Рухшона Эмомалӣ то соли 2012, ки шавҳараш ба ҳайси намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Британияи Кабир кор мекард, низ дар Лондон ба сар мебурд ва дар сафорати Тоҷикистон кор мекард. Баъди бозгашташ ба Тоҷикистон Рухшона Эмомалӣ дар вазорати корҳои хориҷӣ ба кор даромад ва дар солҳои охир дар мақоми муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии  ин вазорат кор мекард. Чанд сол пеш Рухшона Эмомалӣ китоберо бо номи “Асосҳои хизмати дипломатӣ” нашр ва маросими рӯнамоияшро дар вазорати корҳои хориҷӣ барпо карда буд.

Рухшона Эмомалӣ  аз фарзандони президент Эмомалӣ Раҳмон нахустин нафарест, ки ба мақоми сафирӣ таъйин шуд.  Ашраф Гулов, як домоди Эмомалӣ Раҳмон сафири Тоҷикистон дар Туркия аст.

Озода Раҳмон, духтари дуюми президент то таъйин шуданаш ба мақоми раиси дастгоҳи президент дар соли 2016, чандин сол дар мақомҳои сардори раёсати консулӣ, муовини вазир ва муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон кор карда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button