ВидеоМуҳоҷирон

РОНАНДАИ ТОҶИК БО 8 МОШИН ДАР ВИЛОЯТИ ОРЕНБУРГ ДУЧОРИ САДАМА ШУД (ВИДЕО)

Шаби 16 март як мошини боркаши “Мерседес” бо притсепаш, ки ба Тоҷикистон 8 мошин мебурд, дар марзи вилояти Оренбурги Русия бо Қазоқистон дар ҳудуди деҳаи Дружюаи ноҳияи Сол –Илетск дучори садама шуда, чаппа шудааст.

Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса омада, ба ронандаи 40-сола ва шарики ӯ кумак кардаанд. Онҳо ронандаву шарикашро ба мошини худ шинонда, барояшон чойи гарм додаанд ва сипас техникаи махсусро ба ҷои ҳодиса даъват карда, мошини боркаш ва мошинҳои аз дохили он ба даруни тӯдаи барф чаппашударо ба рӯи чор чархашон рост кардаанд.

Ронанда гуфтааст, ки ба сабаби барфи зиёд натавонист мошинашро хуб идора кунад ва ба садама роҳ дод. Ронандаи тоҷик ва шарикаш ба кормандони пулиси Оренбург, ки дар як нимаи шаб ба кумаки онҳо расиданд, изҳори сипос кардаанд.

Ташаккури зиёди инсонӣ! Ман дар ли собиқаи ронандагиам чунин экипажи ДТСро бори аввал дидам! – гуфтааст ронанда ба кормандони ДПС.

Пулиси вилояти Оренбург гуфт, дар ин ҳодиса касе осеб надидааст. Дар бораи ин ки мошини боркаш ва мошинҳои дохили он осеб дидаанд ё на?, дар хабар чизе гуфта нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button