ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АКС АЗ МАКОНИ САДАМАИ МУДҲИШ: ҲАЛОКАТИ СЕ НАФАР ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – ЧАНОҚ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар давоми рӯзи 15 март дар роҳҳои ҷумҳурӣ боз ду садамаи марговар рӯй дода, 4 кушта ба ҷо гузоштааст. Садамаи аз ҳама пурқурбонӣ соати тақрибан 14:00 дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” бар асари ба қафои мошини боркаши тамғаи “Ҳово” бархӯрдани “Мерседес-Спринтер” рух дод. Ин садама боиси ҳалокати се нафар: ронанда ва ду мусофираш, аз ҷумла як навраси 15-сола шуд. Ҳамин тавр, соати сеюними шаби 15 март бар асари ба дарахт бархӯрдану сипас ба ҷарӣ сарозер шудани як мошини “Дэу Сиэло” дар мавзеи Гулистони роҳи Ҳамадонӣ – Кӯлоб як мусофири 26-солаи “Дэу” ҳалок шуда, якеи дигар захмӣ шуд.

Бино ба иттилои ВКД, 15-уми марти соли 2022, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Спринтер», Рауфов Маҳсуд Раҳматович, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба ақиби автомашинаи боркаши тамғаи “Ҳово”, ки таҳти идораи ронанда, Султонбеков Наим Маъмурович, соли таваллудаш 1980, сокини ҳамин шаҳр тааллуқ дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Спринтер” Рауфов М.Р. ва мусофиронаш Раҳимов Рустам Фурқатович, соли таваллудаш 1993 ва ноболиғ Мазбутов Амирбек Илҳомович, соли таваллудаш 2007, сокинони шаҳри мазкур, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Телеграм-канали Парвиз ТВ як аксро аз маҳалли ин садама нашр кардааст:

Ҳамчунин шаби 15-уми марти соли 2022, тахминан соати 03:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дэу-Сиелло», Саидов Ғайрат Иброҳимович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди «Ҳамадонӣ-Кӯлоб» дар ҳудуди деҳаи Гулистони ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти тути канори чапи роҳ бархӯрда, сипас, дар дохили канали обгузар чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашина Қаландаров Сайдамир Музаффарович, соли таваллудаш 1996, сокини деҳаи Сайроби ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофири дигари автомашинаи мазкур Гадоев Бахтиёр Дӯстназарович, соли таваллудаш 1996, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Таҳқиқи ин ду ҳодиса идома дорад.

Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Мутаассифона, даҳҳо тан аз қурбониёни ин садамаҳо кӯдаконанд.

Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Вақтҳои охир истифодаи телефонҳои мобил ва дигар васоили электронӣ ҳангоми рондани мошин ба як омили дигари садамазо табдил ёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button