ВидеоМуҳоҷирон

МУҲОҶИРИ ТОҶИК ЯК КӮДАКРО ДАР МЕТРОИ МАСКАВ АЗ МАРГ НАҶОТ ДОД

Як шаҳрванди 40-солаи Тоҷикистон дар истгоҳи метрои “Библиотека имени Ленина” дар маркази шаҳри Маскав як кӯдакро аз марг наҷот додааст, хабар дод MK.ru.

Ин ҳодиса рӯзи 13 март рӯй додааст. Як хонандати синфи 4, ки рӯзҳои якшанбе берун аз дарс ба курсҳои дуредгарӣ мерафт, дар истгоҳи “Багратионовская” ба метро савор шуда, бояд ба хонааш дар ноҳияи Соколники мерафт.  Аммо ҳангоми табдили истгоҳ дар истгоҳи “Библиотека имени Ленина” ин кӯдак ногаҳон ба рӯи хатти ҳаракати қатори метро афтодааст.

Тавре як шоҳиди ҳодиса ба “МК” нақл кардааст, як марди симояш осиёӣ аз паси кӯдак худро ба рӯи хатти роҳи метро партофта, ҳанӯз то расидани қатор кӯдакро берун кашидааст.

Маълум шуд, ки ин марди наҷотбахши кӯдак шаҳрванди 40-солаи Тоҷикистон будааст.

Кӯдакро ба бемористон бурда, дар реаниматсия хобондаанд. Вазъи саломатии ӯ вазнин аст, чунки дар натиҷаи афтодан ҷигару талхаи кӯдак кафидааст.

“МК” менависад, “наҷотбахши кӯдак ба кормандони пулис нақл кард, ки кӯдак нофаҳмида, ба поён, ба рӯи хатти қатори метро афтод. Худи қаҳрамони ҳодиса инак 20 сол боз дар Маскав ба сар мебарад ва  аз ҳисоби кор дар сохтмонҳо ва таъмири хонаҳо рӯз мебарад. Дар ҳоли ҳозир ӯ дар ягон ҷо кор намекардааст”.

“Азия Плюс”  хотиррасон кардааст, ки ин нахустин ҳодисаи ҳаёти худро ба хатар гузошта, дигаронро наҷот додани муҳоҷирони тоҷик дар Русия нест.

Моҳи июни соли 2020 Ҳоҷимурод Қаландаров, донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи аграрии Бошқирдистон дар шаҳри Уфа ҳангоми истироҳат дар лаби дарёи Белая ғарқ шудани ду кӯдакро дида, барои наҷоти онҳо худро ба дарё андохт. Ҳоҷимурод тавонист он ду кӯдакро наҷот диҳад, вале худаш ғарқ шуд. Мақомоти Бошқирдистон Ҳоҷимурод Қаландаровро пас аз маргаш медали “Барои корнамоӣ” қадрдонӣ карданд.

Соли 2018 Фарзон Салимов ном муҳоҷири тоҷик ҳаёти худро ба хатар гузошта, ҳангоми сӯхтор дар фурӯшгоҳи “Зимняя вишня” дар шаҳри Кемерово даҳҳо нафарро наҷот дод ва барои ин сазовори медали Кумитаи тафтишоти Русия шуд.

Ҳамчунин дар соли 2019 пулиси кишвари Хабаровск Бахтиёр Усмонов ном тифли тоҷикро бо ҷоиза қадрдонӣ кард. Бахтиёр, ки дар синфи 3 таҳсил мекард, як кӯдаки хонандаи синфи 1 бо номи Славаро, ки ба чоҳи оби ҷӯш афтода буд, берун кашида, аз марг наҷот дода буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button