ВидеоНуқтаи назарСиёсатҶанг дар Украина

ЯК ЗАН БО ШИОРИ ЗИДДИ ҶАНГИ УКРАИНА БА ПАХШИ МУСТАҚИМИ ТВ РУСИЯ БАРОМАД (ВИДЕО)

NO WAR

ҶАНГРО БАС КУНЕД

БА ПРОПАГАНДА БОВАР НАКУНЕД

ДАР ИН ҶО БА ШУМО ДУРӮҒ МЕГӮЯНД

RUSSIANS AGAINST  WAR

Марина Овсянникова, модари ду фарзанд ва муҳаррири шабакаи телевизионии “Первый канал” шоми 14 март бо чунин шиори зидди ҷанг дар Украина ҳангоми нашри барномаи ахбор ба пахши мустақим баромад. Дар видео дида мешуд, ки ҳангоми хабари навбатиро қироат кардани гӯянда Екатерина Андреева як зан дар пушти ӯ бо шиори зидди ҷанг пайдо мешавад.

“Первый канал” тасдиқ кард, ки “дар ҳақиқат ҳангоми пахши мустақими барномаи “Время” чунин ҳодиса рӯй дод ва нафари дигар дар кадр пайдо шуд. Тафтиши хидматӣ идома дорад”.

Марина Овсянниковаро баъди ин ҳодиса кормандони пулис дастгир кардаанд. Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфт, нисбат ба вай метавонанд бар асоси  моддаи 20.3.3 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия парвандаи маъмурӣ боз кунанд. Ин банди қонун барои дар мазҳари ом беобрӯ кардани амалиёти қувваҳои мусаллаҳи Русия ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи то 300 ҳазор рублро пешбинӣ мекунад.

Маълум шуд, ки Марина Овсянникова пеш аз баромадан ба пахши мустақим бо шиори зидди ҷанг дар Украина, як муроҷиатномаи видеоӣ низ сабт кардааст. Ӯ дар он муроҷиатномааш барои ҷанги зидди Украина узр пурсида, ин ҷангро ҷанги бародаркуш меномад ва мегӯяд, аз инки дар як дастгоҳи пропагандистӣ кор мекунад, шарм медорад.

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 24 феврал “амалиёти махсуси ҳарбӣ” ба зидди Украинаро оғоз кард. Дар ҷараёни задухӯрдҳо ва бомбборон дар Украина алакай садҳо нафар кушта ва ҳазорон бинову иншоот вайрон гардида, кишварҳои Ғарб ва муттаҳидонашон ба зидди Русия таҳримоти хеле сангинро ҷорӣ карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button