ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ДАР ТУРКМАНИСТОН ПИСАР БА ҶОИ ПАДАР ПРЕЗИДЕНТ ШУД

Бори аввал дар таърихи муосири Осиёи Марказӣ нақшаи деринтизори интиқоли қудрат аз падар ба писар сурат гирифт: дар интихоботи пеш аз муҳлати президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадови 40-сола, писари ягона ва вориси курсии президенти кунунии Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов бо касби қариб 73%  овозҳо ғолиб эълон шуд. Аз 8 рақиби ӯғ овози аз ҳама бештар: 11,09 фоизро муовини ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Хидир Нуннаеви 44сола ба даст овард. Ҷои сеюм бо 7,22 фоизи овозҳо насиби муовини ҳокими вилояти Марв Оқоҷон Бекмуродов шуд. 6 номзади дигари сабтиномшуда аз 1 то 2 фоиз овоз гирифтанд. Вале аз пеш маълум буд, ки ин 8 номзад  танҳо ба хотири “алтернативӣ” ҷилва додани интихобот ва додани машрӯияти бештар ба пирӯзии номзади асосӣ сабти ном шудаанд.

Ба ин тартиб, Сардор Бердимуҳаммадов ба ҷои падараш барои 7 соли оянда президенти Туркманистон, ин кишвари саршор аз конҳои нафту гази Осиёи Марказӣ интихоб шуд.

Падари ӯ Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, ки аз соли 2007 роҳбари Туркманистон буд, бештар бо амалҳои аҷибу ғарибу худбинонааш, мисли пианинову гитар навохтану бо набераҳояш сурудҳои эҷодкардаи худашро хондан, машқи варзиш дар толори фитнесаш ваё ба сарбозони нирӯҳои вижа (спетсназ) ёд додани тирпарронию кордпартоӣ дар  зеҳнҳо нақш бастааст. Ҳанӯз рӯшан нест, ки оё писари ӯ Туркманистонро аз кадом роҳ пеш хоҳад бурд?

Владимир Смирнов/ТАСС

Сардор Бердимуҳаммадовро, ки моҳи сентябри соли 2021 ба синни 40 расид ва ҳаққи пешбарии номзадиаш ба президентиро ба даст овард, кайҳо боз  ҳамчун вориси эҳтимолии тахту тоҷи падараш рақам мезаданд, вале нақшаи ба ӯ супурдани қудрат як моҳи охир баъди он суръат гирифт, ки падараш рӯзи 11 феврал дар ҷаласаи ғайринавбатии Халқ Маслиҳати, маҷлиси болоии парлумони кишвараш, ки ба 15 соли президентии ӯ ихтисос ёфта буд, гуфт, хаста шудааст ва мехоҳад аз ин мақом канор рафта, роҳро барои ҷавонон бикушояд. Тавре баъд маълум шуд, ӯ роҳро барои писари худаш кушоданӣ будааст.

Дар бораи интиқоли қудрат ба фарзандони ҳокимони кишварҳои Осиёи Марказӣ солҳои зиёде суҳбат мешуд, вале то кунун ягон ҳокими худкомаи ин минтақа ба ин кор ҷуръат накарда буд.

Дар Ӯзбекистон чандин сол Гулнора, духтари калонии президенти якуми ин ҷумҳурӣ Ислом Каримовро вориси курсии падараш мешумурданд. Вале Гулнора ҳанӯз замони зинда ва сари қудрат будани падараш ба далели даст доштан дар коррупсия ба ҳабси хонагӣ афтод ва баъди марги падараш дар соли 2016 “шоҳдухтари ӯзбек” ҳатто маҳкум шуд ва чанд сол дар зиндони занонаи ЗангӣОта дар вилояти Тошканд адои ҳукм мекунад.

Дар Қазоқистон ҳам чандин сол духтари калонии Нурсултон Назарбоевро вориси эҳтимолии тахти ӯ мешумурданд ва парвози Дориға Назарбоева ба мансабҳои баланде, чун муовини сарвазир ва раиси Сенат ҳам баёнгари он буд, ки ӯро барои курсии президентӣ тайёр карда истодаанд. Вале дар моҳи марти соли 2019 Назарбоев ғайри интизор курсиашро ба Қосим-Жомарт Тоқаев ном вазири беиродааш супурд ва ӯро ҳамчун ба ном президент нигоҳ дошта, худаш ҳамроҳи тимаш аз паси парда ҳамчунон зимоми идораи давлатро дар дасти худ ҳифз карда буд. Вале Тоқаев, ки қариб 3 сол бо мақоми президенти “фахрӣ” қаноат варзид,  моҳи январи соли ҷорӣ бо истифода аз эътирозҳои хунин Назарбоев ва атрофиёнашро аз саҳна танг карда, ҳукумати худро мустаҳкам кард. Баъди чунин фиреб хӯрдани Назарбоев  дигар гумон аст, ки ягон ҳокими худкома риск кунад ва курсии худро ҳатто “муваққатан” ба ягон “бегона” бовар кунад.

То кунун Озарбойҷон дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ нахустин ҷумҳурие буд, ки таҷрибаи интиқоли қудрат аз падар ба писарро ҳанӯз соли 2003 таҷриба карда буд. Президенти вақти ин кишвари саршор аз манобеи нафти Қафқози ҷанубӣ Ҳайдар Алиев, ки дар бистари марг қарор дошт, тавонист пеш аз даргузашти худ писараш Илҳом Алиевро ба ҷои худ президент кунад.

Баъди Туркманистон зоҳиран навбати  Тоҷикистон аст, ки дар инҷо низ чанд сол боз тайёрӣ ба интиқоли қудрат аз президент Эмомалӣ Раҳмон ба писараш Рустами Эмомалӣ идома дорад, вале то кунун як силсила омилҳои беруна ва ҳам мухолифати бархе элитаҳои дохилӣ монеи амалӣ сохтани ин нақша шуда буд.

Сардор Бердимуҳаммадов 22 сентябри соли 1981 дар Ишқобод  дар хонаводаи Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, ки он вақт як духтури дандон буд, ба дунё омадааст. Ӯ ду хоҳар дорад: Гулҷаҳон ва Гулшан. 

Сардор Бердимуҳаммадов соли 2001 Донишгоҳи кишоварзии Туркманистонро бо ихтисоси муҳандис технолог ва баъдан Академияи дипломатии Маскавро хатм кардааст. Бердимуҳаммадови хурдӣ чандин сол дар Иттиҳодияи саноати хӯрокворӣ ва сипас дар сафорати Туркманистон дар Маскав  ва намояндагии кишвараш дар идораҳои Созмони Милал дар Женева кор карда, моҳи августи соли 2014 рисолаи номзадӣ ва алакай моҳи июни соли 2015 рисолаи докториашро ҳимоя карда, соҳиби унвони доктори илмҳои техникӣ шуд.

Ҷаҳиш дар карйераи писари президент соли 2016 бо таъйиноти ӯ ба мақоми раиси департаменти иттилоотии вазорати хориҷаи Туркманистон оғоз ёфта, Сардор Бердимуҳаммадов алакай 30 марти соли 2018 муовини вазири хориҷа, 1 январи соли 2019 муовини ҳоким ва 18 июни ҳамон сол алакай ҳокими вилояти Ахал таъйин шуд. 7 феврали соли 2020 писари президент вазири саноат ва 11 феврали соли 2021 муовини сарвазир таъйин шуд. Ва он ҳам дар ҳоле ки дар Туркманистон то ин дам мақоми муовини сарвазир ва ҳамчунин мақоми сарвазир вуҷуд надошт ва кобинаи вазиронро худи президент роҳбарӣ мекунад.

Сардор Бердимуҳаммадов соли 2001 издивоҷ кардааст. Зиндагии оилаи Бердимуҳаммадовро пушти пардаи асрор қарор дорад, вале бино ба иттилои манобеи гуногун, Сардор Бердимуҳаммадов ва ҳамсари ӯ Оғулгерек 4 фарзанд — як писар ва се духтар доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button