ВидеоМуҳоҷирон

БАРФ ОБ ШУДУ… ҶАСАДИ МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО БАЪДИ СЕ МОҲ АЗ ДАРУНИ ҶАНГАЛ ЁФТАНД

Ҷасади Шодиев Озодбахш, як муҳоҷири 22-солаи тоҷикро, ки се моҳ пеш гум шуда буд, баъди тамом шудани фасли зимистону об шудани барфҳо аз як ҷангал дар канори шаҳри Долгопруднийи вилояти Маскав пайдо кардаанд. Пулис баъди ёфтани ҷасад ҳамдеҳагони ӯро, ки бо Озодбахш Шодиев дар Долгопрудний дар як ҳуҷра иҷора менишастанд, дигарбора бозпурсӣ карда, боз ҷавоб додааст.

Ба гуфтаи ҳамдеҳагонаш,  баъди об шудани барфҳо як сокини маҳаллии сагбоз ҳангоми сайр додани сагаш ҷасадро дар ҷангал дида, ба пулис хабар додаст. Иттифоқан ҷасадро дар наздикии ҳамонҷое ёфтаанд, ки Озодбахш рӯзи 13 декабри соли 2021 гум шуда буд.

“Эҳтимол меравад, ки ҷасадро баъдтар оварда, дар инҷо зери барф карда бошанд. Чунки се моҳ пеш бачаҳо инҷоро кофта буданд, ягон ҷасад наёфтанд”, – гуфт яке аз ҳамсуҳбатони “Бомдод.

Ҳоло бародари Озодбахш Шодиев ва домодашон дар пайи таҳияи ҳуҷҷатҳо ва расмиёти дигаранд, то ҷанозаи марҳумро барои дафн ба Панҷакент бифиристанд.

Се моҳ пеш сомонаи “Бомдод” хабар дода буд, ки Шодиев Озодбахш Субҳонович, санаи таваллудаш 1 августи 01.08.1999, зодаи деҳаи Марғедари Панҷакент, рӯзи 13 декабри соли 2021, тахминан соатҳои 15 аз хона баромада, бедарак шудааст. Телефонаш ҳамон рӯз тақрибан то соати 9 фаъол будааст, яъне занг мегузашту ҷавоб намедод, вале баъдан тамоман хомӯш шудааст. Озодбахш Шодиев дар шаҳри Долгопруднийи вилояти Маскав, ки тақрибан 20 километр дуртар аз МКАД, дар шимоли Маскав ҷойгир шудааст, зиндагӣ мекард.

Дӯстону наздикони Озодбахш аз ҳама хоҳиш карда буданд, ки дар ҷустуҷӯи ӯ кумак кунанд.  Мутаассифона, ин ҷустуҷӯҳо натиҷа надод ва ҳоло ҷасади ин муҳоҷири ҷавонмаргро пайдо карданд.

Ҳар сол ба иллатҳои гуногун дар Русия то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик мегиранд. Ҳар сол даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистон дар Русия, аксар ҷавонон,  мисли Озодбахш Шодиев, ба иллати марги маҷбурӣ ба зиндагӣ падруд мегӯянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button