ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

АЗ 15 ТО 18 МАРТ ҲАВО ДАР ТОҶИКИСТОН ПУРБОРИШ ХОҲАД ШУД (ВИДЕО)

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, 15-18 марти соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ноустувории вазъи обу ҳаво боқӣ монда, боришот (дар ноҳияҳои водибуда ва доманакӯҳӣ борон, дар баландиҳои 2500 метр борон ва барфи тар) дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд.

Рӯзҳои 15 ва 18 марти соли 2022  дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ боронҳои пуршиддат борида, раъду барқ ба амал меояд, боридани жола аз эҳтимол дур нест. 17 март дар ноҳияҳои алоҳида шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20м/с, дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд то 20-25м/с суръати шамол шиддат меёбад. Рӯзи 18 март пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 10-150 пешгӯӣ мешавад.

Рӯзҳои 15-18 март дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳии  НТҶ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва водибудаи  вилояти Хатлон, дар шоҳроҳҳои Душанбе-Лахш, Душанбе-Кӯлоб, Душанбе-Варзоб, Айнӣ-Панҷакент хавфи сар задани зуҳуроти сел пешгӯӣ мешавад.

15-18 март дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии НТҶ ва ғарби ВМКБ, инчунин  дар шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Душанбе –Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Ҷилондӣ хавфи фаромадани тарма боқӣ мемонад.

Рӯзҳои 15-18 март дар дарёҳои Ёхсӯ-Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, шохобҳои ҳавзаи дарёи Вахш (ноҳияҳои Тавилдара, Рашт, Нуробод, Роғун, Норак ва Ёвон) баландшавии сатҳи об боқӣ мемонад.

Дар робита бар ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ даъват менамояд, ки то ҳадди имкон аз сафар, сайругашт дар минтақаҳои хатарнок, ҷамъоварии ҳезум, гиёҳҳои шифобахш ва занбӯруғ, моҳидорӣ, шикор ва чаронидани чорво худдорӣ намоянд.

Ба ронандагон ҳангоми ҳаракат дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ё дар қитъаҳое, ки хавфи резиши сангу лағзиши тарма доранд, Кумита ёдрас мекунад, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро ҷиддан риоя кунанд.

Илова бар ин, КҲФ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки хасу хасрӯбаҳоро сари вақт аз ҷӯйборҳо тоза кунанд, то оби зиёди борон ба ҳавлиҳо ворид нашавад. 

Волидон бояд ба фарзандони хурдсолашон диққат диҳанд. Дар чунин рӯзҳо беназорат гузоштани онҳо хатар дорад ва ҳаргиз нагузоранд, ки тани танҳо лаби наҳру каналҳо раванд. Агар онҳо ба мактаб  мераванд, пас аз эҳттимоли ҳар хатари вобаста ба боду борони баҳорӣ огоҳ созед.

Хеле эҳтиёткор бошед ва тавсияҳои КҲФ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати нақлиёт, ширкати IRS – ро риоя кунед.

Дар ҳоли пеш омадани кадом як ҳодисаи фавқулодда бо телефонҳои: 112, 223 13 11: 221 91 19 ва 93 880 28 19 муроҷиат кунед!

Манбаъ: https://khf.tj/node/4010

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button