АХБОРИ ВКД: САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ХУРОСОН ВА БОЗДОШТИ РАИСИ ҶДММ “ОРИЁНО СОРВО”

Шаби 13 март, тахминан соати 20:50Ю дар ҳудуди ноҳияи Хуросон бар асари ба чуқурӣ чаппа шудани мошини тамғаи “Тойота-Версо”, ронандаи 27-солаи он дар беморхона ба ҳалокат расида, як мусофираш ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.
ххххххххххх
Сардори ширкати “Ориёно Сорво”, сокини 63-солаи шаҳри Ваҳдат ба он гумонбар мешавад, ки ҳаз 20 марти соли 2018 бо ваъда дар Душанбе гирифта додани хона аз як сокини пойтахт 90 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 15 марти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Ба ҳалокат расидани ронанда ҳангоми чаппа шудани автомашина

13-уми марти соли 2022, тахминан соати 20:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Версо” Маҳмудов Паҳлавӣ Бадриддинович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии канори рости роҳ автомашинаро чаппа намудааст.
Ба даст афтодани марди қаллоб

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 29-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 20-уми марти соли 2018 роҳбари ҶДММ “Ориёно Сорво” марди 63-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 90 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар шаҳри Душанбе, хонаи истиқоматӣ дар масоҳати 41,52-метри квадратӣ гирифта медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.
Дар натиҷа, худи ронанда Маҳмудов П.Б. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад ва мусофири дохили автомашина Маҳмудов Саркор Зиёвиддинович, соли таваллудаш 1983, сокини ҳамин ноҳия, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбат ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

