ВарзишВидео

8 МЕДАЛИ МУШТЗАНҲОИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ДАР УРДУН (4 АКС)

Дар шаҳри Аммон, пойтахти Урдун чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон ба анҷом расид.  Тоҷикистонро дар ин чемпионат 21 варзишгар (11 нафар миёни ҷавонон, 10 нафар миёни наврасон)  намояндагӣ мекарданд. Кумитаи милили олимпии Тоҷикистон  хабар дод, ки муштзанони тоҷик аз Урдун бо 8 медал – 2 нуқра ва 6 биринҷӣ ба Ватан бармегарданд.

Дар рӯзи охири мусобиқаҳо миёни ҷавонон муштзани тоҷик – Абдураҳим Ёқубов дар вазни -60кг муҳориба карда, ҷои дуюмро ишғол намуд. Абдураҳим то расидан ба финал расидан дар се муҳориба муқобили варзишгарони Тайланд (Паочанзуек Фиси), Ҳиндустон (Рудра Пратап Сингҳ), Узбекистон (Суҳроб Аминов) дастболо шуд вале дар рақобати ниҳоӣ  аз ҳарифи қирғизистониаш Алмаз Орозбеков бо ҳисоби 2:3 мағлуб гашт.
Дар чемпионати Осиё миёни ҷавонон боз се варзишгари дигар аз Тоҷикистон  – Юсуф Фозилов (-71кг), Нурланбек Эрматов (-75кг), Акмалҷон Абдувалиев (-86кг) сазовори ҷойҳои сеюм ва медалҳои биринҷӣ шуданд.
Ҳамин тавр, варзишгарони тими Тоҷикистон дар чемпионати Осиё миёни наврасон низ 4 медал ба даст оварданд: Анӯшервон Фозилов (-46кг) соҳиби медали нуқра гардид, Ҳангома Исоева (-57кг), Руслан Ғафуров (-57кг), Рустамҷон Ашӯров (-60кг) – соҳиби медалҳои биринҷӣ.
Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон дар шаҳри Аммони Урдун аз 2 то 14 март идома дошт. Дар чемпионат варзишгарон аз 21 давлати қораи Осиё иштирок карданд.



Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button