ВидеоМуҳоҷирон

ПУЛИСИ ҚАЗОҚИСТОН ДУ МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДОД (ВИДЕО)

Сомонаи хабарии пулиси Қазоқистон Рolisia.kz  хабар дод, ки кормандони пулиси вилояти Оқтеппа (Ақтобе)  ду шаҳрванди Тоҷикистонро аз марг наҷот додаанд. Ин ду ҷавони тоҷик дар роҳ дармондаанд ва барои наҷот аз сардӣ муҳаррики мошинашонро ба кор даровардаанд, то даруни мошин гарм шавад. Вале аз қазо ҳардуро хоб бурдааст ва муҳоҷирони тоҷик ба иллати нафас кашидани дуд дар хобашон аз ҳуш рафтаанд. Дар видеое, ки пулиси Қазоқистон нашр кард, дида мешавад, ки чӣ гуна кормандони пулис ва табибону наҷотбахшон муҳоҷирони беёдро аз дохили мошини “Газел” берун кашида, ба мошини “Ёрии таъҷилӣ” бор мекунанд.

Бино ба иттилои пулиси Қазоқистон, рӯзи 9 март ду шаҳрванди Тоҷикистон дар мошини худашон, тамғааш “Газел” аз шаҳри Оқтеппа ба гузаргоҳи Алимбетовкаи марзи Қазоқистон бо Русия рафтаанд, вале он рӯз аз марз гузашта натавониста, боз хостаанд ба хонаи хешовандашон ба шаҳри Оқтеппа баргарданд. Вале дар роҳ алоқа бо онҳо дастнорас шудааст.

Азбаски шамол дар дашт тундтар ва ҳаво сардтар мешуд, хешованди баташвишафтодаи он ду ҷавони тоҷик ба телефони 102 занг зада, барои ёфтани хешовандонаш кумак хостааст.

Як экпипажи пулис билофосила ба ҷустуҷӯи муҳоҷирони тоҷик баромадаанд ва кормандони пулис тақрибан соати дувоздаҳи шаб  мошини онҳоро дар километри 12-уми роҳи “Северный обход” дар тавваққуфгоҳи кемпинги “Исламбулоқ”  пайдо кардаанд. Ронанда ва мусофири мошин дар дохили он дар ҳолати беёд қарор доштанд, чунки ба сабаби нафас кашидани дуд аз ҳуш рафта буданд.

Кормандони пулис ду ҷавони тоҷикро аз мошин берун бароварда, табибонро ба ҷои ҳодиса даъват кардаанд. Баъди омадани табибон яке аз ҷавонони осебдидаро дар мошини “Ёрии таъҷилӣ” ва дуюмиро дар мошини пулис бор карда, ба бемористон овардаанд. Дар ҳоли ҳозир ҳарду ҷавони тоҷик дар бахши реаниматсияи бемористон таҳти табобат қарор доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button