ВидеоРӯйдодҳои БадахшонСиёсат

ВАЪДАИ ГЕНЕРАЛ ШАРИФ НАЗАРЗОДА: ДАР ХОРУҒ ЯГОН АМАЛИЁТИ ҲАРБӢ ГУЗАРОНИДА НАМЕШАВАД

Генерал Шариф Назарзода, ки тоза дар поёни моҳи феврал ба мақоми сардори раёсати корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин шуд, рӯзи 12 март дар мулоқот бо чанд тан аз шахсиятҳои таъсиргузору фаъолон ва раҳбарони собиқи шаҳри Хоруғ ваъдаи қатъӣ додааст, ки дар Хоруғ хел амалиёти ҳарбӣ гузаронида намешавад.

Як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз сокинони Хоруғ, ки дар ин мулоқот иштирок дошт, хабар дод, ки  рӯзи 12 март мулоқоти сардори милитсияи Бадахшон бо шуморе аз шахсиятҳои таъсиргузор, ки дар байнашон ҳам фаъолони ҷомеа ва ҳам як идда аз собиқ ходимони сиёсиву давлатӣ ва ҷамъиятии Хоруғ, аз ҷумла чанд тан аз сокинони обрӯманд ва бонуфузи маҳаллаи Бархоруғ (Хоруғи боло) низ буданд, баргузор шуд. Ин нафарон дар мулоқот бо генерал Шариф Назарзода нигаронии худро дар миён гузоштанд ва гуфтанд, ки бисёре аз сокинони шаҳр ва вилоят чанд вақт боз аз эҳтимоли баргузории амалиёти ҳарбӣ дар ҳаросанд. Шахсиятҳои таъсиргузори Хоруғ гуфтанд, аз он  нигаронанд, ки дар натиҷаи ин амалиёти сокинони оддӣ низ метавонанд зарар бинанд.

Генерал Шариф Назарзода дар посух ба нигаронии ҳамсуҳбатонаш гуфтааст, “дар Хоруғ ягон хел амалиёти низомӣ гузаронида намешавад, чунки ҳангоми таъйини ӯ ба ин мақом президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ҳамдастур додааст, ки бояд ҳамаи масоил дар Хоруғ бо роҳи гуфтушунид ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳал карда шаванд”.

Сардори милитсияи Бадахшон дар идома гуфтааст, “масъалаи дар назди қонун ҷавоб гуфтани 8 нафаре, ки таҳти ҷустуҷӯ қарор доранд ва он ҳам аксаран ба авбошӣ гумонбар мешаванд,  низ аз роҳи гуфтугӯву муколама ба роҳ монда мешавад, то ин ки худашон ба мақомот ҳозир шаванд”. Дар чунин сурат, нисбат ба онҳо ҷазоҳои минималӣ татбиқ карда мешавад,  – ваъда додааст генерал Шариф Назарзода.

Генерал Назарзодаро, ки қаблан раҳбарии милитсияи Душанберо бар дӯш дошт, аз нафарони наздик ба шаҳрдори пойтахт ва раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ мешуморанд. Гуфта мешавад, ки генерал Назарзода аз генералҳои ба истилоҳ “ястреб” бо майлаш ба шеваи  ҳалли масоили пешомада аз роҳи муколамаву гуфтугӯ фарқ мекунад.

 ба Вазъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи ноябри соли 2021 дар пайи дар боздошт ба таври мармуз кушта шудани сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков бад шуд. Сокинони вилоят бо талаби ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони марги Зиёбеков 4 рӯз эътироз карда, танҳо баъди гирифтани ваъдаи мақомот ба таҳқиқи ин қазия ва барқарор кардани дастрасӣ ба Интернет пароканда шуданд. Аммо бо гузашти инак сеюним моҳ то ҳол ягон нафар барои даст доштан дар марги Гулбиддин Зиёбеков дастгир нашудааст ва дастрасӣ ба Интернет ҳам дар Бадахшон то ҳаз барқарор карда нашудааст. Хадамоти алоқа баъди чанд моҳ шарҳ дода буд, ки гӯё дастрасӣ ба Интернтеро дар Бадахшон “ба сабабҳои амниятӣ” то ба ҳадди 2Г маҳдуд кардаанд.

Чанд ҳафтаи охир сарусадоҳо дар бораи эҳтимоли амалиёти махсус барои боздошти Мамадбоқир Мамадбоқиров (Боқир), яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон, ва дастикам 6 тан аз ёрони ӯ аз маҳаллаи Бархоруғ боиси дубора буғранҷ шудани вазъ дар Хоруғ шудааст.

Ба зидди Боқир ахиран бо иттиҳоми таҳқир ва латтукӯби намояндаи давлат парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Раиси идораи маорифи вилояти Бадахшон Лутфулло Наврӯзов Боқирро ба он айбдор кард, ки гӯё шоми 29 январ ӯро таҳқиру латтукӯб карда ва аз хонааш дар қабати болоии бинои идораи маориф, ки дар маҳаллаи Бархоруғ, маҳалли зисти Боқир ва аксари тарафдоронаш ҷойгир шудааст,  рондааст. Боқир таҳқиру латтукӯби Наврӯзовро рад мекунад ва мегӯяд, “бо муаллим танҳо як суҳбати падарона кардам”. Боқир мегӯяд, ки Наврӯзов ӯро тавассути ТВ бе ягон асос “террорист” номид ва муаллимони дигарро ҳам маҷбур мекард, ки аз тариқи ТВ ба зидди Боқир ва дигар лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон гап зананд. Мақомот ин лидерҳои ғайрирасмӣ, аз ҷумла Боқирро “саркардагони гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ” ном мебаранд.

Рӯзи 4 март Боқир гуфт, мақомоти қудратӣ дар маркази Хоруғ кӯшиш кардаанд, то мошини ӯро гирд карда, дастгираш кунанд, вале ӯ тавонистааст фирор кунад. Боқир гуфт, аз дасташ тир хӯрд, вале захмаш сабук аст, чунки тир ба устухон нарасидааст. Вале муовини сардори милитсияи Бадахшон Аъзам Толеҳзода хабари тир хӯрдани Боқирро дурӯғ номид ва гуфт, вақте ки ӯ мошинашро дар постгоҳ манъ накард, кормандони БДА ба ҳаво ҳамагӣ як тир холӣ кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button