ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ДУШАНБЕ “ЖИГУЛИ”-РО ДУЗДИДАНД, ДАР КӮШОНИЁН – МУҲАРРИКИ БАРҚИРО

Ду ҷавони 20-солаи сокинони ноҳияи Варзоб ва шаҳри Душанбе  ба он гумонбар мешаванд, ки шаби 10 март, соати 00:30 мошини тамғаи “ВАЗ-2107”-и сокини 19-солаи ноҳияи Варзобро, ки дар назди хонаи истиқоматиаш беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдаанд.
хххххххххх

Ду ҷавони 17 ва 18-сола дар ноҳияи Кӯшониён ба он гумонбар мешаванд, ки рӯзи 10 феврал аз нуқтаи шустушӯи автомашинаҳо, воқеъ дар кӯчаи Кайҳоннавардон як муҳаррики барқиро дуздидаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 13 марти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомашина

007

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Варзоб муроҷиат намудааст, ки шаби 9 ба 10-уми марти соли 2022, тахминан соати 00:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2107”, ки дар назди хонаи истиқоматиаш беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда ба самти номаълум бурдаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 20-солаи сокинони ноҳияи Варзоб ва шаҳри Душанбе, бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

032

Ба ШВКД дар ноҳияи Кўшониён бо ариза ҷавони 25-солаи сокини деҳаи Қизил-байрақи ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки 10-уми феврали соли 2022, тахминан соати 12:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз нуқтаи шустушӯи автомашинаҳо, воқеъ дар кӯчаи Кайҳоннавардон 1-адад муҳаррики барқиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Хуросон ва ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button