ВидеоМуҳоҷирон

БАРҚИЯИ РАҲИМЗОДА БА КОЛОКОЛТСЕВ ВОБАСТА БА ЗАНОЗАНИИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ (ВИДЕО)

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сомона расмиаш хабар дод, ки “вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба вобаста ба ҳодисаи занозании гурӯҳӣ байни муҳоҷирони тоҷику қирғиз, ки 8-9-уми марти соли 2022 дар корхонаҳои бузурги корхонаи коркарди гази Амур ва Маҷмаи гази кимиёвии Амур рӯй дод, ба Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия генерали политсия Колоколтсев В.А. ҷиҳати сари вақт мавриди тафтиш ва таҳти назорати қатъӣ гирифтани ин ҳодиса барқия ирсол намуд”.

Инчунин, меафзояд вазорат, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ (БКБОП), генерал-майори милитсия Фатозода А., ки ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ низ машғул аст, вазифадор карда шудааст, ки бо ҳамтоёни худ дар Федератсияи Русия дар алоқа бошад ва ба рафти тафтишот кумак расонад.

Тавре қаблан хабар додем, рӯзҳои 8-9 март дар сохтмони корхонаҳои бузурги Корхонаи коркарди гази Амур (Амурский ГПЗ)  ва Маҷмаи газу кимиёвии Амур (АГХК)   байни муҳоҷирон аз Тоҷикистону Қирғизистон занозаниҳои оммавӣ  рӯй дод. Ин корхона дар канори шаҳри Благовешенск, маркази маъмурии вилояти Амур, дар минтақаи Шарқи дури Русия сохта мешавад ва ба сохтмони он танҳо дар ширкати “ВелесСтройМонтаж” 9 ҳазор коргар, аксар муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кор гирифта шудаанд.

Манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” бо ирсоли видеоҳои ду рӯзи занозаниҳо, хабар доданд, ки

бетартибиҳо рӯзи 8 март дар ошхонаи ширкати “ВелесСтройМонтаж”  дар як заминаи сирф маишӣ, ё ба қавли тоҷикҳо, барои як гапи дупула сар шуд. Коргарони тоҷик гӯё пеш ҳам аз тарзи хидматрасонии кормандони ошхона, ки бештараш занони зодаи Қирғизистон будаанд, норозигӣ карда, мегуфтаанд, ки гӯё пешхидматҳои қирғиз ба ҳамватанҳои худ хӯроки бештар дода, ба коргарони тоҷик баракс кам медиҳанд.

Рӯзи 8 март бошад, гӯё як коргари тоҷик аз зани пешхидмати қирғиз салфетка хостааст ва ӯ ин салфеткаро ё надодааст, ваё додаасту вале ба зарда ба рӯи коргари тоҷик партофтааст.

Дар ҳар сурат, ин нофаҳмии ночиз билофосила ба як ҷанҷоли бузург бо иштироки садҳо нафар аз ҳарду тараф табдил ёфтааст. Дар видеои рӯзи аввали занозанӣ дида мешавад, ки муҳоҷирон ба сӯи якдигар ҳама чизе, ки пеш меояд, аз ҷумла мизу курсӣ ва косаву табақ ва дигар зарфу ашёро мепартоянд ва якдигарро зери борони мушту лагат мегиранд.

Рӯзи 9 март муҳоҷирони тоҷику  қирғиз дубора аз гиребони якдигар гирифтанд, вале ин дафъа дар саҳни барфпӯши майдони сохтмон.

Баъди рӯзи дуюм ҳам такрор шудани занозаниҳо, маъмурияти ширкати “ВелесСтройМонтаж” тасмим гирифтааст, ки масъаларо бо чораҳои шадид ҳал кунад. Рӯзи 11 март хабар омад, ки баъди занозаниҳои гуруҳӣ байни муҳоҷирони тоҷику қирғиз маъмурияти АГХК якбора 182 зодаи Қирғизистонро аз кор ҷавоб додааст. Маъмурият ҳамчунин гуфтааст, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъалаи аз Русия ихроҷ кардани муҳоҷирони шӯрапуштро ҳам матраҳ мекунад

Дар бораи онки оё аз муҳоҷирони тоҷик низ касеро барои он занозаниҳо аз кор пеш карданд ё на?, маълумоте ҳаз нарасидааст. Манобеи “Бомдод” хабар доданд, ки баъди занозании рӯзҳои 8-9 март ба хотири пешгирӣ аз занозаниҳои нав коргарони тоҷикро аз хобгоҳи корхона муваққатан ба як меҳмонхона кӯчонданд.

Қарори маълум, моҳи августи соли 2021 дар пайи як силсила занозаниҳои байни муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия, ВКД ин кишвар ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бераҳмона ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекунанд.

Моҳи декабри соли 2021 ВКД Русия хабар дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷирро маҳз барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ ихроҷ кардаанд. Аксари онҳоро ба муҳлати то 40 сол аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button