ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ТИРПАРРОНИИ ШАБОНА ДАР МАРЗИ ИСФАРА БО БОДКАНД (ВИДЕО)

Шаби 11 март дар марзи ҷамоати Чоркӯҳи Исфара бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон  дигарбора тирпарронӣ шудааст. Ба гуфтаи сокинон, аз соати 1:20 марзбонони қирғиз ба ду маҳаллаи Чоркӯҳ, маҳаллаҳои ба номи Ибод Файзуллоев ва Бӯстон тир холӣ кардаанд.

Ин тирпарронӣ, ба гуфтаи сокинон, тақрибан 1-1,5 соат давом кардааст, вале раиси ҷамоати Чоркӯҳ Шукурхон Насриев субҳи 11-уми март ба “Азия-Плюс” гуфт, бино ба маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи тирборони марзбонони Қирғизистон ягон нафар мардуми осоишта зиён надидааст.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистонро ҳанӯз тирпарронии ахир дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистонро шарҳ надодаанд, вале Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, тирпарронӣ дар қитъаи роҳи Бодканд — Исфана дар мавзеи Эки-Тош  аз соати 2:50 то 3:10 идома ёфта, вақте рӯй додааст, ки гӯё марзбонҳои тоҷик ба тарафи мошинҳои раҳгузар санг партофтаанд ва марзбонҳои қирғиз маҷбур шудаанд, ки ба ҳаво тира холӣ кунанд. Дар посух марзбонҳои тоҷик ба сӯи як манораи дидбонии марзбонҳои қирғиз тир холӣ кардаанд, вале касе осеб надидааст.

Вале раиси ҷамоати Чоркӯҳ Шукурхон Насриев ба “Азия-Плюс” гуфт, “қирғизҳо ба ҷониби мо тир холӣ карданд, ҳоло тафтишот оғоз шудааст ва баъдан маълум мешавад, ки куҷо аз тирхоликунӣ зиён дидааст. Сокинон ҳеҷ куҷо нарафтанд, шаб дар хона буданд ва аз хона берун набаромаданд. Ба сӯйи мардум тир холӣ нашудааст ва ягон нафар аз мардуми осоишта низ ҷароҳат набардоштааст“,-гуфт раиси ҷамоати Чоркӯҳ.

Тирпарронии шабона дар ҳолест, ки дар нимаи аввали рӯзи 10 март дар марзи мавзеи Ваҳдати ҷамоати Чоркӯҳ бо ноҳияи Бодканд дар натиҷаи тирпарронӣ байни марзбонони қирғизу тоҷик  марзбони тоҷик Суннатулло Самадов кушта шуда, ду марзбони дигари тоҷик ва ҳамчунин чанд нафар аз сокинон ҷароҳат бардоштанд. Мақомоти марзбонии Тоҷикистон то ҳол ин ҳодисаро ҳам шарҳ надодаанд, вале Хадамоти марзбонии Қирғизистон марзбонони тоҷикро айбдор кард, ки дар як минтақаи аломатгузориношуда ба хатти нави ҳимояти марз баромадаанд ва ин боиси тирандозии рӯзи 10 март шудааст. Ин ниҳод гуфт, аз ҷониби Қирғизистон дар ин тирпарронӣ касе осеб надидааст.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун танҳо каме бештар аз 500 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Хунинтарин муноқиша дар ин қисмати марз дар поёни моҳи апрели соли 2021 рӯй дод, ки дар натиҷаи он аз ду тараф 55 нафар кушта ва 240 нафар захмӣ шуданд. Ин хунинтарин муноқиша дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии ҷумҳуриҳои муосири Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Дар поёни моҳи январи соли 2022 дар як муноқишаи дигари мусаллаҳона дар марзи Исфара бо Бодканд ду сокини Тоҷикистон кушта ва аз ҳарду тараф беш аз 20 тани дигар захмӣ шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button