ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАҒОЗАИ МӮСАФЕДИ 80-СОЛАРО ДАР КӮШОНИЁН ДУЗД ЗАДААСТ

Сокини 52-солаи Истаравшан  ба он гумонбар мешавад, ки моҳи декабри соли 2018 бо роҳи фиреб аз сокини 43-солаи ҳамин шаҳр барои 0,08 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ 42 ҳазору 500 сомониро гирифта, то ҳол барнагардондааст.
ххххххххххххххх

Як навраси 17-сола аз ноҳияи Кӯшониён  ба он гумонбар меҳавад, ки рӯзи 9 март аз мағозаи мӯсафеди  80-сола 4 ҳазору 520-сомониро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 11 марти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба даст овардани маблағ бо баҳонаи додани замини наздиҳавлигӣ

030

Аз тарафи кормандони ШВКД дар шаҳри Истаравшан нисбати марди 52-солаи сокини шаҳри мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.
Номбурда, 10-уми декабри соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии марди 43-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, барои ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ намуда, додани 0,08 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ӯ 42 ҳазору 500 сомониро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Дар ин самт тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани ноболиғ барои содир намудани ҷиноятӣ дуздӣ

vor-0504

Ба ШВКД дар ноҳияи Кушониён бо ариза марди 80-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 9-уми марти соли 2022, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз мағозаи хӯроквориаш 4 ҳазору 520-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button