ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК ТАРМАИ 48х5М РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНДРО АЗ НАВ БАСТ (ВИДЕО)

Ширкати IRS, масъули нигоҳубини роҳи Душанбе –  Хуҷанд –  Чаноқ,  ки рӯзи 10 март баъди ду рӯзи басташавиаш аз кушода шудани ин ягона роҳи байни шимол ва маркази Тоҷикистон хабар дод, алакай соати 12 хабар дод, ки ин роҳ ба сабаби фаромадани тарма дигарбора масдуд шуд.

“Дар километри 80- уми роҳи Душанбе – Чаноқ тарма фаромад, ки паҳноияш 48 метр ва баландиаш 5 метр мебошад.  Бинобар ин ҳаракати нақлиётро муваққатан боздошта, бартарафкунии он идома дорад”, гуфта мешавад дар иттилоияи нашршуда дар саҳифаи ин ширкат дар Фейсбук. IRS меафзояд, “ронандагону мусофирон мутмаин бошанд, ки дар наздиктарин фурсат тармаи зикршуда бартараф мешавад”.

Роҳи Душанбе –  Хуҷанд –  Чаноқ рӯзи 9 март дар пайи фурӯ рехтани якбора 46 тарма дар қисматҳои гуногуни ин роҳ, асосан дар дараи Варзоб ва саргаҳи водии Зарафшон баста шуд. Рӯзи 10 март дар ин роҳ боз ҳудуди 15 тармаи дигар зад.

Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ягона роҳи заминист, ки вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистонро бо қисматҳои боқимондаи ин ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо пойтахташ, шаҳри Душанбе мепайвандад. То сохта шудани нақби “Истиқлол” дар ин шоҳроҳ ягона роҳи байни шимол ва маркази Тоҷикистон аз тариқи ағбаи Анзоб буд, ки дар зимистон баста мешуд.

Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ бо наздики 300 миллион доллар қарзи Хитой навсозӣ шуда, аз соли 2009 масъулияти нигоҳубин ва пулчиниаш ба ширкати IRS вогузор карда шуд. Дар ҳоли ҳозир ин ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон аст.

Бино ба пешбинии ҳавошиносон, то поёни ҳафтаи ҷорӣ хатари фаромадани тармаҳо, сангрезӣ ва селу обхезӣ бахусус дар манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Ба ин далел, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ар аз сокинон хостааст, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳои бидуни зарурат бо роҳҳои кӯҳистон, анҷоми корҳои саҳроӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезуму алафҳои баҳорӣ, моҳигирӣ ва шикор дар кӯҳҳо худдорӣ кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button